Амрико барои барқарорсозии Украина баъд аз ҳамлаи Русия 1 миллиарду 300 миллион доллари дигар ҷудо мекунад.
Ин нуктаро вазири корҳои хориҷии Амрико Энтони Блинкен рӯзи 21-уми июн дар нишасти байнулмилалӣ дар шаҳри Лондон баён дошт.
Бештари пулҳои ҷудокардаи Вашингтон ба барқарорсозии низоми энергетикӣ ва зербиноии муҳими Украина равона мешаванд. Блинкен гуфт, аз ҷумла, 520 миллион доллар ба таҷдиди шабакаҳои барқи он кишвар харҷ карда хоҳад шуд.
"Барқарорсозӣ ин гузоштани санги асоси шукуфоии Украина ҳамчун як кишвари амну мустақил, комилан ҳамгирошуда бо Аврупо ва пайвастшуда бо бозорҳои саросари ҷаҳон мебошад", - афзуд Блинкен.
Тибқи ҳисоби Бонки Ҷаҳонӣ, барои барқарорсозии Украина, ки дар натиҷаи ҳамлаи беасоси Русия сахт осеб дидааст, на камтар аз 350 миллиард доллари амрикоӣ лозим аст.
Раҳбари Кумисюни Аврупо зарари расидаро ба Украина 600 миллиард евро гуфта буд. Президенти Украина Владимир Зеленский онро беш аз 1 триллион доллар шумурдааст.
Гуфтугӯ