Шаҳрвандони Қирғизистон барои бозхонд шудани лоиҳаи қонуни ин кишвар дар бораи "агентҳои хориҷӣ" тавассути сомонаи Change.org имзо ҷамъ мекунанд.
Ташаббускорони иқдом мегӯянд, дар сурати қабул шудани лоиҳаи қонун шаҳрвандон метавонанд барои фаъолиятҳои одии маданӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд.
Ҳамчунин он боиси аз байн рафтани расонаҳои мустақил, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва озодии баён хоҳад шуд.
"Ҳамаи ин ба низоми тандурустӣ, маориф, дастрасӣ ба обу хидматрасониҳои босифати давлатӣ ва ғайра таъсир мерасонад. Мо, шаҳрвандони Қирғизистон, талаб мекунем, ки лоиҳаи қонун дар бораи намояндагони хориҷӣ бозхонд шавад", - омадааст дар хитобае, ки зери он имзо гузошта мешавад.
Дар Қирғизистон 19-уми июн лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи созмонҳои ғайритиҷоратӣ" ба баррасии умум пешниҳод шуд. Дар сурати қабули он созмонҳое, ки аз хориҷ пул ё моликият дарёфт мекунанд, намояндаи хориҷӣ эътироф мешаванд.
Лоиҳаро вакили порлумони Қирғизистон Нодира Норматова пешниҳод кардааст. Дар аввал 32 вакили дигар аз ӯ ҷонибдорӣ карданд, вале баъдан аксари онҳо зидди лоиҳа баромада, гуфтанд, "он меъёрҳои зиёдеро дар бармегирад, ки зидди ҳуқуқи инсон ва демократия равона шудаанд".
Гуфтугӯ