Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден: Таҳдиди Русия дар мавриди истифода аз силоҳҳои ҳастаии тактикӣ "воқеӣ" аст


Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи душанбе гуфт, таҳдиде, ки раиси ҷумҳури Русия дар мавриди истифода аз силоҳҳои атомии тактикӣ баён кардааст, як ҳушдори "воқеӣ" аст.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Ҷо Байден гуфт, суханони Владимир Путин дар ин бора, ки нахустин бахш аз ин гуна ҷангафзорро дар хоки Белорус ҷобаҷо кардааст, "комилан ғайримасъулона аст".

Ҷо Байден дар байни тарафдорони молии корзори интихоботии худ дар Калифорния изҳор дошт, "ду сол пеш вақте дар инҷо аз хушк шудани дарёи Колорадо нигаронӣ кардам, ҳама ба ман мисли касе, ки ҳарфи девонавор мезанад, нигоҳ мекарданд. Аммо рудхона хушк шуд ва ҳоло низ, ки мегӯям, ҳушдори Путин воқеӣ аст, мисле ҳарфе, ки як девона гуфта бошад, ба ман нигоҳ мекунанд".

Оқои Байден қаблан низ аз созиши имзошудаи ду моҳ пеш миёни вазирони дифои Русия ва Белорус барои ҷобаҷо кардани таҷҳизоти ҳастаии тактикӣ дар хоки Белорус интиқод карда буд.

Нигаронии раиси ҷумҳури Амрико дар ҳоле такрор шуд, ки дар пайи ҷобаҷо кардани аслиҳаи ҳастаии тактикии Русия дар хоки Белорус, Украина ҳамлаҳои ҷавобиро барои бозпасгирии сарзаминҳои ишғолии худ густариш додааст.

Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус ҳафтаи гузашта гуфт, Маскав аслиҳаи ҳастаие, ки "се баробар қудратмандтар аз бомбаҳои атомии истифодашуда дар бомбаборони шаҳрҳои Ҷопон дар соли 1945 аст, ба Белорус интиқод додааст".

Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Белорус низ рӯзи душанбеи 19-уми июн гуфт, ҷобаҷой кардани силоҳҳои ҳастаии тактикӣ дар Белорус, "посухе ба иқдомоти Амрико ва муттаҳидонаш дар Аврупо аст".

Владимир Путин гуфтааст, ки силоҳҳои боқимондаи тактикии атомии Русия то пеш аз поёни соли ҷорӣ ба Белорус мунтақил хоҳад шуд. Путин иддао кардааст, Русия кореро карда, ки Амрико низ давоми чанд даҳа анҷом дода ва силоҳҳои тактикии ҳастаии худро дар хоки панҷ кишвари муттаҳиди худ ҷобаҷо кардааст.

Як мақоми баландпояи Вазорати корҳои хориҷии Русия рӯзи ҷумъаи гузашта гуфт, вақте барои ҷобаҷо кардани ин силоҳҳо дар қаламрави Белорус тайъин накардаанд.

Президент Путин аз оғози ҳамла ба Украина борҳо таҳдид кардааст, дар сурате, ки тамомияти арзии кишвараш дар хатар қарор гирад, аз ҳар васила истифода мекунад. Манзури Путин аз "тамомияти арзии Русия", шомили сарзаминҳои ишғолшуда аз Украина низ ҳаст.

Тарафдорони сарсахти Путин ошкортар аз президенти Русия таҳдид кардаанд, ки ин кишвар метавонанд бо мушакҳои ҳомили кулоҳакҳои ҳастаӣ, пойтахти кишварҳои ғарбии тарафдори Украинаро, ки таҳдиде барои Русия бошанд, ҳадаф қарор диҳад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG