Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Узбекистон (КМИР) рӯзи овоздиҳии пешакиро дар интихоботи президентии ин кишвар таъйин кард. Он аз 28-уми июн то 5-уми июли имсол баргузор мешавад.
КМИР-и Узбекистон рӯзи 20 июн хабар дод, ки дари нуқтаҳои раъйдиҳӣ рӯзҳои корӣ аз соати 09:00 то соати 18:00 ва рӯзҳои истироҳат аз соати 11:00 то соати 17:00 боз хоҳад буд.
Дар раъйгирии пеш аз муҳлат онҳое метавонанд иштирок кунанд, ки рӯзи баргузории интихобот дар маҳалли зисти худ нахоҳанд буд.
Интихоботи зудрас дар Узбекистон ба рӯзи 9-уми июл таъйин шудааст.
Улуғбек Иноятов аз Ҳизби халқӣ-демократӣ, Робахон Маҳмудова аз Ҳизби сотсиал-демократии "Адолат", Абдушукур Ҳамзаев аз Ҳизби экологӣ ва Шавкат Мирзиёев аз ҳисоби Ҳизби либерал-демократии Узбекистон номзад ба мақоми президентии он кишвар ҳастанд.
Шавкат Мирзиёеви 66-сола, президенти ҳозираи Узбекистон ба даври дувуми панҷсолаи президентӣ соли 2021 интихоб шуда буд. Пирӯзӣ дар интихоботи пеш аз муҳлат дар соли ҷорӣ ба вай имкон медиҳад, ки 14 соли дигар сари қудрат бимонад.
Мирзиёев баъд аз марги президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов дар соли 2016 ҷилави ҳукуматро ба даст гирифт.
Гуфтугӯ