Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 2 кас ба гумони фасодкорӣ дар Бунёди рушди табиат


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 20-уми июн хабар дод, ки дар пайванд ба нақшаи ошкоршудаи фасодкорӣ дар Бунёди рушди табиати ин кишвар ду каси дигар боздошт шуд.

Сардори Раёсати захираҳои табиӣ, экологӣ ва назорати техникӣ дар вилояти Чӯйи Қирғизистон К.Т.К.-ро 15-уми июн ҳангоми берун рафтан аз кишвар дар гузаргоҳи марзии "Ак-Жол-автодорожний" дастгир кардаанд.

Ҳамчунин муовини пешини вазири захираҳои табиӣ, экологӣ ва назорати техникии Қирғизистон И.Б.М. рӯзи 18-уми июн дар фурудгоҳи "Манас" боздошт шуд.

Боздоштшудаҳо ба “пуштибонӣ аз тарҳҳои инфиродӣ ва ғайриқонунӣ ҷудо кардани маблағҳои буҷет ба ширкатҳо муттаҳам мешаванд”.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон пештар хабар дода буд, ки дар Бунёди рушди табиати Вазорати захираҳои табиӣ, экологӣ ва назорати техникии ин кишвар нақшаи фасодкориеро ба маблағи беш аз 400 миллион сом ошкор кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG