Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Заминамро гирифтанд, ба Интерпол ҳам доданд" ВИДЕО


Шавкат Раҷабов, сокини ҷамоати Чоркӯҳи Исфара
Шавкат Раҷабов, сокини ҷамоати Чоркӯҳи Исфара
Як сокини Исфара мехоҳад, ҳарчи зуд марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро муайян кунанд ва ӯ дигарбора соҳиби заминҳои кишоварзиаш гардад. Шавкат Раҷабов иддао дорад, ки 20 сол пеш заминашро дар атрофи маҳаллаи Ибод Файзуллоеви ҷамоати Чоркӯҳ “аз даст дод” ва наметавонад ба он ворид шавад. Мақомот борҳо барояш ваъда додаанд, ки масъаларо ҳал хоҳанд кард, аммо чизе тағйир наёфта.

"Сокинони Қирғизистон чор гектар заминамро гирифтанд. Як ваҷаб намонданд. 1 гектару 40 сотих хоҷагии деҳқонии Юсуф Ҳомидов низ ҳаст. Дар умум 5 гектару 40 сотих замини моро аз худ карданд,” – гуфт Шавкат Раҷабов рӯзи 14-уми июн.

Ҷониби Қирғизистон ҳамвора азхудкунии заминҳоро рад баъзе аз қитъаҳоро дар сарҳад бо Тоҷикистон баҳсӣ медонад.

Шавкат Раҷабов мегӯяд, аз соли 2006 то ҳол, аз мақомоти ҷамоати Чоркӯҳ гирифта то дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон барои бозпас гирифтани заминҳояш муроҷиат кардааст.

Ҳарчанд иддао дорад, ки заминҳои хоҷагии деҳқониаш ҳеч гоҳ баҳсӣ набуд, мақомот дар аксар ҷавобҳояшон зикр кардаанд, ки “ин ҳудуд минтақаи баҳсӣ аст ва комиссия барои муайян кардани он кор мекунад”.

Тарафҳо қарор кардаанд, ки дар маҳалҳои баҳсталаб корҳои сохтмонӣ накунанд.

Шавкат Раҷабов, сокини Чоркӯҳ, гуфт: "Талаби ман ҳамин аст, ки сарҳадро аниқ кунанд. Инҷо дар ҷойи бесарҳад ягон илоҷи гаштугузор нест. Ин тараф равед, мақомоти Қирғизистон қапида мераванд."

Шаҳри Исфараи Тоҷикистон бо ду ноҳияи вилояти Бодканди Қирғизистон чанд минтақаи баҳсӣ дорад ва сокинонаш борҳо бо ҳамдигар барои обу замину чарогоҳ муноқиша кардаанд. Шавкат Раҷабов ҳам мегӯяд, мақомоти Қирғизистон борҳо ӯро аз дохили замини кишоварзиаш боздошт кардаанд.

“Ҳам замини қонунии маро гирифтанд ва ҳам соли 2018 ба Интерпол додаанд. Ба ягонҷо рафта наметавонам. Ман зиндагӣ дорам, фарзанду набераву абера дорам, ба ягонҷо рафта наметавонам, баромадан ҳам намешавад. Мисле инки ман бандит (роҳзан) бошам. Ман як одами деҳқон ҳастам,” – гуфт ӯ.

Чоркӯҳ
Чоркӯҳ

Тоҷикистон дар шимолу шарқ бо Қирғизистон ҳамсарҳад аст ва тӯли он тахминан 987 километрро ташкил мекунад. Беш аз 300 километраш ҳанӯз таъину нишонагузорӣ нашуда, солҳо боз манбаи низоъ миёни ду кишвар аст.

Душанбе ва Бишкек ҳамеша ба ҳалли осоиштаи мушкил таъкид мекунанд, вале дар чунин минтақаҳо ҳар чанд вақт ҷанҷолу тирандозӣ рух медиҳад. Ҳарду тараф якдигарро ба сар задани муноқиша гунаҳкор мекунанд.

Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 14-уми июн дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд роҳу шеваҳои осоиштаи таъйину аломатгузории марзи ду кишварро баррасӣ кардаанд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам хабар дод, ки кумисюни дуҷонибаи таъину аломатгузории марз 11-уми июн дар шаҳри Душанбе протоколеро ба имзо расонд. Ҳарчанд маълум нест, тарафҳо ба чӣ натиҷа расидаанд, Шавкат Раҷабов аз ин хабарҳо шод ва умедвор мешавад.

Видеоро дар инҷо бинед:

"Заминамро гирифтанд, ба Интерпол ҳам доданд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG