Корти миллии пардохтии Қирғизистон "Элкарт", мумкин аст, дар соли оянда дар Русия ба истифода дарояд.
Дар ин бора вазири иқтисод ва тиҷорати Қирғизистон Дониёр Амангелдиев дар Форуми байналхалқии иқтисодӣ дар шаҳри Петербурги Русия хабар додааст.
Вазир гуфтааст, дар ин маврид "корҳо идома доранд". "Дар як соли оянда мумкин аст, ба роҳ монда шавад", - илова кардааст Дониёр Амангелдиев.
"Элкарт" яке аз кортҳои пурмуштарии Қирғизистон аст. Бино ба омори расмӣ, дар соли 2022 теъдоди кортҳои бонкӣ дар Қирғизистон ба бештар аз 4,3 млн расидааст, ки 60% онро "Элкарт" ташкил медиҳад.
Гуфтугӯ