Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз сарватмандони Қазоқистон андози зиёдтар мегиранд. ВИДЕО


Манзилҳои гаронарзиш дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон
Манзилҳои гаронарзиш дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон

Аз соли оянда сар карда, дар Қазоқистон сокинон бояд барои дороиҳои гаронарзиши худ андоз супоранд.

Дар ин бора вазири молияи ин кишвар Алибек Куантиров хабар додааст. Ин муқарраот баъди ворид кардани тағйирот ба Кодекси андоз ба иҷро медарояд ва онҳое, ки чанд хона, мошинҳои боҳашамат ва дороиҳои дигар доранд, маҷбур мешаванд андози бештар супоранд. Кошиносон мегӯянд, Қазоқистон бо ин роҳ мехоҳад камомад дар буҷаро пур кунад.

Сару садо дар бораи боло бурдани андоз барои афроди сарватманд дар Қазоқистон як сол боз идома дорад. Ҳанӯз сентябри соли 2022 президент, Қосимҷомарт Тоқаев дар паёми солонааш дар ин бора дастур дод. Ӯ хост, аз афроде, ки имкони хариди мошину хонаҳои гаронарзиш доранд, андози бештар ситонанд.

“Эҳтимол аз соли оянда, бо ворид шудани тағйирот ба Кодекси андоз, аз сокинон андоз аз сарват талаб карда шавад,"-гуфта шудааст, дар хабарномаи порлумони Қазоқистон.

Видеоро инҷо бинед:

Аз сарватмандони Қазоқистон андози зиёдтар мегиранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00

Тағйирот дар ин бораро муовини Кумитаи иқтисодии Қазоқистон, Азамат Амрӣ шарҳ дод. Вай гуфт, зимни таҳияи тарҳи кодекс, масъалаи беҳтар кардани ҷамъоварии андоз ва пардохтҳо, аз соҳаҳои нисбатан сердаромад ва андозсупорандаҳои сарватманд ба назар гирифта шудааст.”

Ҳоло вазорати иқтисод чанд навъи андоз аз дороиҳоро баррасӣ дорад. Ба эҳтимоли зиёд ҳаҷми андоз барои онҳое, ки ду ва ё бештар аз он хона доранду соҳиби мошинҳои гаронбаҳо ва моликияти дигар ҳастанд, зиёдтар мешавад. Бисёре аз иқтисодшиносон аз ин тағйирот ҷонибдорӣ мекунанд.

Андрей Чеботарев, таҳлилгари масоили иқтисодӣ гуфт: “Дар маҷмӯъ андоз аз сарват дар ҷаҳон як чизи муқаррарӣ аст. Ин ягон навгонӣ нест. Дар бисёр кишварҳо чунин муқаррарот вуҷуд дорад, Гап сари ин аст, ки дар Қазоқистон ин чӣ гуна роҳандозӣ мешавад ва тартиби пардохти андоз чӣ гуна хоҳад буд. Зеро пешниҳодҳо гуногун ва ҳайратоваранд. Ахиран Вазорат гуфт, андоз вобаста ба ҳар метри мурабаъ муайян мешавад. Яъне агар одам хонаҳои шахсии худро дошта бошад, ин пешниҳод мантиқӣ аст.”

Дар Қазоқистон меъёри муайян барои супурдани андоз аз даромад вуҷуд дорад. Ҳар шаҳрванд бояд новобаста аз даромадаш бояд 10 дар сади онро ба давлат супорад. Мақомот ва ҳам таҳлилгарон бар инанд, ки андоз аз дороиҳо метавонад сатҳи нобаробариро, ки як сабаби танишҳои иҷтимоӣ дар ин кишвар аст, коҳиш диҳад.

Аммо ин эҳтимол ҳам ҳаст, ки афроди сарватманд роҳи гурез аз молиёти нав ва махфӣ нигоҳ доштани дороиҳои худро пайдо мекунанд.

Арман Байсенбоев, иқтисодшинос гуфт: “Метавонанд роҳҳои дигареро фикр кунанд, масалан хонаро ба номи ягон хеши миёнаҳолаш кунанд. Албатта дар ин ҳолат ӯ чизе пардохт намекунад. Дар ин фазои носозгори мо ин эҳтимолият вуҷуд дорад, ки сарватмандони мо чун як табақаи датснорас ин андозҳои иловагиро пардохт намекунанд.”

Соли 2025 дар Қазоқистон ҳар шаҳрванд вазифадор мешавад аз даромаду дороиҳои худ гузориш диҳад. Ҳадаф беҳтар кардани андозбандӣ гуфта мешавад. Бархе аз таҳлилгарон мисли Андрей Чеботарев мегӯянд, ба ин тартиб андоз на фақат барои сарватмандон, балки барои тамоми сокинон боло бурда мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG