Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Забони форсиро яке аз забонҳои қадимтарини дунё донистанд


Китобе бо ҳуруфи форсӣ
Китобе бо ҳуруфи форсӣ

Як тақиқоти илмӣ собит кардааст, ки забони форсӣ ба гурӯҳи даҳгонаи забонҳое ворид мешавад, ки таърихи беш аз сеҳазорсола дорад.

Дар рӯйхати забонҳои қадимитарини мавриди истифодаи имрӯзаи мардум чинӣ, санскрит, мисрӣ, шумерӣ, ибрӣ, юнонӣ, форсӣ, тамилӣ, итолиёӣ ва кореягӣ ворид карда шудаанд.

Муҳаққиқон дар вебсайти Омӯзишҳои байналмилалӣ мегӯянд, форсӣ беш аз 3 ҳазор сол умр дорад ва ин забони оилаи ҳиндуаврупоӣ дар Эрон пайдо шуда, имрӯз ҳам забони расмии ин кишвар дониста мешавад. “Ин забони мардуми Афғонистон ва Тоҷикистон ҳам ҳаст. Ин як забони ғанӣ буда, мероси адабии он дар ҷаҳон эътироф шуда, яке аз чор сутуни адабиёти ҷаҳониро ташкил медиҳад.”

Ба навиштаи муҳаққиқони ғарбӣ, дар ҷаҳон имрӯз камаш 110 миллион нафар ба форсӣ суҳбат мекунанд ва соҳибони ин забонро инчунин мешавад дар миёни сокинони Узбекистон, Исроил, Австралия, Амрикои Шимолӣ ва Аврупо ҳам пайдо кард.

XS
SM
MD
LG