Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қаллобӣ" ё "тӯҳмат"? Ҳасан Ҳасановро бо Бузургмеҳр Ёров рӯ ба рӯ кардаанд


Бузургмеҳр Ёров, адвокати зиндонӣ
Бузургмеҳр Ёров, адвокати зиндонӣ

Додгоҳ Ҳасан Ҳасанов, маҳбусе, ки иддао дорад, Бузургмеҳр Ёров, адвокати зиндонӣ ӯро фиреб додааст, дар нахустин мурофиаи додгоҳӣ бо ҳам рӯ ба рӯ намудааст.

Баҳси рӯ ба рӯи онҳо рӯзи 13-уми июн дар нахустин мурофиаи додгоҳӣ дар бинои Боздоштгоҳи рақами 1-и пойтахт баргузор шудааст.

Ҷамшед Ёров, бародари адвокати зиндонӣ, мегӯяд, Ҳасан Ҳасанов пойфишорӣ кардааст, ки Бузургмеҳр Ёров бо ваъдаи озодӣ аз маҳбас аз ӯ 42 ҳазору 500 сомонӣ гирифтааст. Бузургмеҳр Ёров чунин муомила бо Ҳасан Ҳасановро рад карда, онро “тӯҳмати навбатӣ” номидааст.

Ҷамшед Ёров, раиси “Бунёди Бузургмеҳр” рӯзи 14-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар мурофиа адвокате ширкат кард, ки онро барои ҳимоя аз Бузургмеҳр давлат дархост кардааст. Адвокате, ки ин хонавода барои ҳимояи ӯ гирифта буданд, ба мурофиа роҳ наёфтааст.

Ба гуфтаи Ҷамшед Ёров, адвокати давлатӣ низ чанд соат пеш аз мурофиа даъват шудааст ва маълум нест, ки ӯ то куҷо дар муддати кутоҳ 500 саҳифаи парвандаро хондааст.

“Дар мурофиа Ҳасан Ҳасанов ба такрор гуфтааст, ки Бузургмеҳр аз ӯ барои озодияш ва кумаки ҳуқуқӣ аз дохили зиндон беш аз 42 ҳазор сомонӣ талаб кардааст, вале Бузургмеҳр дар посух гуфтааст, ки ҳеҷ маблағе нагирифтааст ва ин тӯҳмат аст,”- гуфт Ҷамшед Ёров.

Пештар Бузургмеҳр Ёров дар як номааш аз зиндон инро тӯҳмат номида, аз тафтишот хоста буд, ки ӯро бо маҳбуси даъвогар Ҳасан Ҳасанов рӯбарӯ кунанд ва ба наздиконаш ҳамчун шоҳид иҷозаи ширкат дар мурофиаро диҳанд.

Додгоҳи шаҳри Ваҳдат парвандаи чорум алайҳи Бузургмеҳр Ёров, адвокати зиндонии тоҷикро дар боздоштгоҳи рақами 1-и пойтахт баррасӣ мекунад.

Адвокати зиндониро бар асоси шикояти Ҳасан Ҳасанов як зиндонии маҳбаси Ваҳдат Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ бо иттиҳоми “қаллобӣ” парванда боз кард.

Ҷамшед Ёров мегӯяд, эҳтимол мақомот бо ин парвандаи нав мехоҳанд, Бузургмеҳрро гунаҳкор эълон карда, ба зиндони низомаш сахт дар шаҳри Бохтар интиқол диҳанд.

Бузургмеҳр Ёров ҳашт сол боз дар зиндон аст. Ӯро соли 2015 дастгир ва ба иттиҳоми “қаллобӣ”, “сохтакорӣ” ва “таҳқири намояндаи ҳокимият” ба 28 соли зиндон маҳкум карданд. Худаш мегӯяд, гуноҳ надорад.

Ҳомиёни ҳуқуқ Ёровро зиндонии сиёсӣ меноманд ва аз мақомоти Тоҷикистон талаб доранд, ки озод шавад, вале мақомот будани зиндониҳои сиёсиро дар кишвар рад мекунанд.

“Freedom Now”, созмони ҳомии ҳуқуқи инсон, қароргоҳаш дар Вашингтон, аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, вакилони мудофеи мустақилро, ки "бо ангезаҳои сиёсӣ дастгиру зиндонӣ шудаанд", раҳо кунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG