Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алёна Криловаро дар Қирғизистон боздошт кардаанд


Фаъоли сиёсӣ аз Русия Алёна Криловаро дар Қирғизистон боздошт кардаанд. Ба навиштаи расонаҳо, ӯ ҳанӯз 4-уми июн дастгир шуда, хабари боздошташ ҳоло ба даст омад.

Крилова сухангӯи пешини ҳаракати "Барои ҳуқуқи инсон" аст. Вай шомили ҳаракати "Мухолифати чапгароҳо" буд, ки фаолияташ дар Русия тундгароёна эътироф шудааст. Дар Русия нисбат ба Крилова парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Алёна Криловаро бо ҳадафи истирдод ба Русия боздошт кардаанд. Маълум нест, ки вай ҳамоно дар Қирғизистон аст ё ба мақомоти Русия таслим карда шудааст.

Ин мавриди севуми боздошти муҳоҷирони сиёсии Русия дар Қирғизистон танҳо дар моҳи июн аст. Рӯзҳои 6 ва 9-уми июн ду русиягии дигар дар Қирғизистон боздошт шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG