Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон пули миллиашро дар дохил чоп мекунад


Раиси ҷумҳури Қирғизистон гуфтааст, аз ҳисоби чопи пули миллӣ дар дохил аз буҷаи давлат сарфаҷӯӣ мешавад.
Раиси ҷумҳури Қирғизистон гуфтааст, аз ҳисоби чопи пули миллӣ дар дохил аз буҷаи давлат сарфаҷӯӣ мешавад.

Раҳбарони Қирғизистон мегӯянд, ин кишвар дар ояндаи наздик пули миллии худро дар дохил чоп мекунад. Ин нуктаро Содир Ҷабборов раисҷумҳури Қирғизистон рӯзи 9-уми июн дар як чорабинии расмӣ баён доштааст.

Дафтари матбуотии президенти Қирғизистон мегӯяд, ки айни замон корҳо барои чопи пули миллӣ дар дохил идома дорад ва таҷҳизоти зарурӣ барои онро харидаанд.

Содир Ҷабборов дар оғози имсол гуфт, Қирғизистон шиноснома ва пули миллии худро мустақилона чоп мекунад ва аз ин кор ба буҷаи давлат дасти кам 3 миллиард сом фоида меорад.

XS
SM
MD
LG