Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз блогерони туркман мехоҳанд, танҳо таърифу тавсиф кунанд


Дар баъзе минтақаҳои Туркманистон маъмурони пулис рӯзҳои ахир блогерони маъруфи маҳаллиро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили "YouTube", "TikTok" ва "Instagram" фаъол ҳастанд, бозпурсӣ мекунанд.

Аз блогерон талаб мешавад, ки дар саҳифаҳои худ дар бораи Туркманистон танҳо матлабҳои мусбатро ҷой диҳанд. Аз ҷумла, дар бораи "Туркманистони шукуфон" бигӯянд ва "кудакони хушбахту биноҳои бунёдшаванда"-ро нишон диҳанд.

Блогерони бозпурсишуда огаҳ карда шудаанд, ки нашри кадом матлабҳо манъ аст. Аз ҷумла ҳушдор гирифтаанд, ки нашри матлабҳои танқидӣ ё ҷонибдории онҳо дар шарҳҳо ҳамчун "фаъолияти зиддиҳукуматӣ" шумурда мешавад. Онҳоро ҳатто ба зиндонӣ шудан ҳам таҳдид кардаанд.

Дар Туркманистон, ки бо назорати шадиди расонаҳо маъруф аст, шабакаҳои маъруфи иҷтимоӣ ва нашрияҳои мустақил баста мебошанд. Аммо корбарони туркман, ба хусус ҷавонон тариқи филтршиканҳо ба шабакаҳои иҷтимоӣ ворид шуда, саҳифаҳое боз ва молу хидматрасониҳоро таблиғ мекунанд.

XS
SM
MD
LG