Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар Бадахшони Афғонистон. Як фармондеҳи Толибон кушта шуд


Бадахшони Афғонистон
Бадахшони Афғонистон

Дар натиҷаи таркиш дар вилояти Бадахшони Афғонистон фармондеҳи собиқи амнияти Толибон дар Бағлон Мавлавӣ Сафиаллоҳ ва шуморе аз афроди мулкӣ кушта шудаанд. Мавлавӣ Сафиаллоҳ чанде пеш аз вазифааш барканор шуда буд.

Ҳодиса рӯзи 8-уми июн дар маросими фотиҳаи Нисор Аҳмад Аҳмадӣ, муовини волии Толибон дар Бадахшон, рӯй дод.

Раиси иттилоот ва фарҳанги Толибон дар вилояти Бадахшон рӯзи 8-уми июн ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, инфиҷор дар дохили масҷид шуд.

Ба қавли ӯ, “талафоти афроди мулкӣ зиёд аст", вале рақами дақиқеро ба забон наовард.

Нисор Аҳмад Аҳмадӣ, муовини волии Толибон дар Бадахшон, се рӯз пеш ҳамроҳи ронандааш дар натиҷаи як ҳамлаи интиҳорӣ ё маргталабона дар шаҳри Файзобод, маркази вилоят, кушта шуд.

Шохаи "Хуросон"-и гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG