Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зане, ки ҷонибдори ба Русия гузаштани як вилояти Қазоқистон буд, зиндонӣ шуд


Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Петропавловск
Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Петропавловск

Як сокини Қазоқистонро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, Русия бояд “вилояти Шимолии Қазоқистон ва пойтахташ Петропавловскро мисли Қрим азхуд кунад”, ба се сол зиндон маҳкум карданд.

Матбуоти маҳаллӣ рӯзи 6-уми июн хабар дод, ки ҳукми зане ба номи Татяна ҳафтаи гузашта баромад.

Парвандаи ин занро бар пояи навиштаҳояш дар шабакаи иҷтимоии "Чатрулет" дар моҳи сентябри соли 2021 дуруст кардаанд.

Ба иттилои бахши қазоқии Радиои Озодӣ, моҳи апрели имсол се узви гурӯҳе бо номи Шӯрои мардумӣ дар Петропавловск ба иттиҳоми ҷудоиталабӣ боздошт шуданд.

Ба онҳо то ҳафт соли зиндон таҳдид мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG