Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон як соҳибкори қирғизро боздошт кардааст


Эрмек Маркабoев
Эрмек Маркабoев

Пулиси шаҳри Алматои Қазоқистон муовини мудири бозори "Алтин Орда" Эрмек Маркабоевро дастгир кардааст.

Консули генералии Қирғизистон дар Алмато Назаралӣ Орипов ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки Маркабоев 2-юми июн боздошт ва ба муҳлати 2 моҳ ҳабс шудааст.

"Ҳуқуқшиносони бозор талош доранд. Мо аз номи консулгарӣ ба Вазорати умури хориҷии Қазоқистон барои имкони мулоқот бо соҳибкор нота фиристодем ва ҳоло мунтазири посух мебошем. Бо наздиконаш мулоқот кардем", - афзудааст Орипов.

Расонаҳои қазоқӣ навиштаанд, ки Маркабоевро ҳамроҳи муҳофизаш дар шоҳроҳи Алмато-Бишкек дастгир карданд.

Канали Вазорати умури дохилии Қазоқистон соҳибкори қирғизро дар нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир муттаҳам кард. Дертар дар Интернет наворе нашр шуд, ки дар он як зан мегӯяд, "маводи мухаддирро ба ҷайби соҳибкори қирғиз партофтанд".

Бино ба хабарҳо, Маркабоев дар давраи раҳбарияти пешини Қазоқистон тиҷорати худро дар Алмаато аз даст дода буд, вале баъдан онро баргардонда, бо навсозии бозор машғул буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG