Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зафар Мирзоён, донишманди тоҷик даргузашт. ВИДЕО


Зафар Мирзоён
Зафар Мирзоён

Зафар Мирзоён, донишманд ва ховаршиноси тоҷик, шаби 7-уми июн дар 74-солагӣ даргузашт.

Ӯ як ҳафта пеш бемор ва дар шифохона бистарӣ шуда, бо ҳамин ба худ наомад. Хонаводааш гуфтанд, аз дарди меъда ва рӯда ранҷ мебурд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Зафар Мирзоён, донишманди тоҷик даргузашт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:42 0:00

Солҳо маҳфили "Шоҳномахонӣ"-ро дар Кӯлоб раҳбарӣ дошт ва ҷавононро ба донишомӯзӣ ташвиқ мекард. Даҳҳо шогирдаш устоди касби хеш шудаанд.

Яке аз онҳо, Ибодуллоҳи Оқилпур, гуфт, "пас аз солҳои 80-ум "Шоҳнома" аз зеҳнҳои мо дур шуда буд. Зафар Мирзоён маҳфили "Шоҳномахонӣ" ва тарғиби "Шоҳнома"-ро ба роҳ монд ва ҳамин мактаб то ҳол идома дорад."

Ибодуллоҳи Оқилпур
Ибодуллоҳи Оқилпур

Соли 2016 китоби "Худовандгони сухани порсӣ"-и Мирзоён соҳиби ҷоизаи ба номи Ашӯр Сафар шуд. Ин китоб, пажӯҳиши олими тоҷикро дар бораи паҳлуе аз “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар бар мегирад.

Ҳамкоронаш гуфтанд, Мирзоён то лаҳзаи марг аз илм канор нарафт.

Ба қавли Ҷаҳонгиршоҳи Рустам, ҳамкори Зафар Мирзоён, "машварат карда будем, ки вобаста ба ҳамлаи арабҳо ба сарзамини ориёиҳо бо устод суҳбат мекунем. Ин мавзуъро интихоб карда будем. Махсусан он даҳшатҳо ва кулфатҳое, ки ба сарзамини ориёиҳо оварданд. Ба ин ҳадаф нарасидем."

Ҷаҳонгиршоҳи Рустам
Ҷаҳонгиршоҳи Рустам

Зафар Мирзоён солҳои ахир дар Донишгоҳи Кӯлоб ба ҳайси мушовири раиси донишгоҳ ва ҳам омӯзгор кор мекард. Ӯ то охири умр раҳбари “Пайванд”, Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар Кӯлоб буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG