Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

39 қудратии Қазоқистон ба шиканҷаи боздоштшудаҳо гумонбар ҳастанд


Додситонии кулли Қазоқистон хабар дод, ки 39 корманди ниҳодҳои интизомии ин кишварро ба гумони "истифодаи усулҳои ғайриқонунии тафтишот" ба ҷавобгарӣ мекашад.

Дар хадамоти матбуотии додситонӣ гуфтанд, дар натиҷаи амали ин кормандони интизомӣ дар умум 88 шаҳрванди Қазоқистон осеб дидаанд.

Ҳамчунин санҷишҳо муайян карда, ки 900 дурбини назоратӣ дар идораҳои пулис ва муассисаҳои ислоҳии Қазоқистон кор намекунад.

Дар натиҷа 19 сардори шуъбаҳои пулис ва дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд.

Дар ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон ҳазорҳо кас боздошт ва садҳо тан ба гумони "терроризм", "иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ", "дуздии аслиҳа" ва дигар ҷиноятҳо ба ҳабс гирифта шуданд.

Бисёре аз боздоштшудҳо аз шиканҷа шудан дар мақомоти интизомии он кишвар хабар доданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG