Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъракаи интихоботӣ дар Узбекистон аз 7 июн оғоз мешавад


Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Узбекистон дар ҷаласаи 5-уми июн номзадҳоро ба мақоми президентии ин кишвар дар интихоботи 9-уми июл сабтином кард.

Хабаргузории "УзА" иттилоъ дода, ки тибқи қарори Кумисюн, маъракаҳои пешазинтихоботӣ дар Узбекистон 7-уми июн оғоз мешаванд.

  • Улуғбек Иноятов аз Ҳизби халқӣ-демократӣ;
  • Робахон Маҳмудова аз Ҳизби сотсиал-демократии "Адолат";
  • Абдушукур Ҳамзаев аз Ҳизби экологӣ ва
  • Шавкат Мирзиёев аз ҳисоби Ҳизби либерал-демократии Узбекистон номзад ба мақоми президентии он кишвар шуданд.

Маъракаҳои пешазинтихоботии номзадҳо то 7-уми июли имсол идома карда, 8-уми июл рӯзи хомӯшӣ ва 9-уми июл рӯзи интихобот эълом шудааст.

Шавкат Мирзиёеви 66-сола, президенти ҳозираи Узбекистон, ба даври дувуми панҷсолаи президентӣ соли 2021 интихоб шуда буд. Пирӯзӣ дар интихоботи пеш аз муҳлат дар соли ҷорӣ ба вай имкон медиҳад, ки 14 соли дигар сари қудрат бимонад.

Мирзиёев баъд аз марги президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов дар соли 2016 ҷилави ҳукуматро ба даст гирифт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG