Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони узбек ба кори мавсимӣ дар Қазоқистон ҷалб мешаванд


Раиси вилояти Қарағанди Қазоқистон Ермаганбет Булекпаев ва сафири Узбекистон дар он кишвар Саидикром Ниёзхоҷаев масъалаҳои таҳким ва густариши робитаҳои иқтисодии ду кишварро баррасӣ карданд.

Расонаи маҳаллии "Дунё" дар ин бора хабар дода, навиштааст, ки дар ҳоли ҳозир дар бахшҳои савдо, сохтмон, кишоварзӣ ва саноати Қарағанда 25 корхонаи муштарак бо Узбекистон фаъолият мекунад.

Раиси Қарағанда гуфтааст, яке аз намунаҳои муваффақи ҳамкориҳои дуҷониба бо Узбекистон бунёди корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти маишии "Artel Electronics" мебошад. Тибқи нақша, ба ин корхона, ки 1500 коргар хоҳад дошт, беш аз 21 миллиард танга сармоягузорӣ хоҳад шуд.

Ҷонибҳо ба созиш расидаанд, ки аз Қазоқистон ба Узбекистон чорво, ангишт ва маҳсулоти кишоварзӣ содир намуда, бо дархости мақомоти қазоқ муҳоҷирони кории Узбекистон ба кори мавсимӣ дар Қарағанда ҷалб карда шаванд.

XS
SM
MD
LG