Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Алмато як корманди пулис ҳамкорашро парондааст


Пулиси шаҳри Алматои Қазоқистон тасдиқ кард, ки як корманди ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ҳамкори худро парондааст.

Канали "Polisia.kz" дар паёмакрасони Телеграм хабар додааст, ки корманди пулис дар натиҷаи "беэҳтиётӣ" паронда шудааст.

Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Аз беэҳтиётӣ боиси марг шудан", парвандаи ҷиноӣ боз гаштааст.

Қаблан расонаҳо навишта буданд, ки дар ошхонаи Департаменти пулиси Алмато як корманди пулис кушта шудааст. Гӯё маъмури ҳифзи ҳуқуқ аз беэҳтиётӣ ба сари ҳамкори худ тир задааст.

XS
SM
MD
LG