Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон аз "пешгирии нақшаи табаддулот" мегӯянд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Қирғизистон ҳанӯз гузоришҳои баъзе аз расонаҳоро дар бораи гуё пешгирӣ аз талоши табаддулоти давлатӣ шарҳ надодаанд.

Радиои "Азаттик", бахши қирғизии Радиои Озодӣ, навишт, ки дар шаҳри Бишкек "ҳабси дастҷамъонаи гумонбарони омодагӣ ба ғасби қудрат ҷараён дорад”.

Манбаъҳои расона дар сохторҳои қудратӣ гуфтаанд, ходимони КДАМ даҳ нафарро ба гумони иштирок дар ин нақша боздошт карданд. Масъулони КДАМ ҳеч изҳорот ё вокунише нашр накарданд.

Пештар дар Интернет сабтҳои видеоие нашр шуд, ки дар он шахсони низомипӯш ба як хона ворид мешаванд. Дар навори дигар мошинеро нигоҳ дошта, ба дасти марде завлона мезананд.

Имкони санҷидани ин навор ва ҳам тасдиқи дурустии иддаои матбуот дар бораи нақшаи табаддулоти давлатӣ дар Қирғизистон вуҷуд надорад.

Ба иттилои "Азаттик", феълан номи боздоштшудаҳои эҳтимолӣ ҳам маълум нест.

Дар ҳамин ҳол, Дмитрий Песков, сухангӯйи Владимир Путин, гуфт, ки "мақомоти Русия хабарҳои расидаро дар бораи талоши табаддулоти давлатӣ дар Қирғизистон бодиққат пайгирӣ мекунанд". Дар ин бора вебсайти давлатии Вести.ru хабар дод.

Песков гуфтааст, "феълан, бешубҳа, ингуна хабарҳои ташвишовар мерасад. Ба ҳамин сабаб, мо хабарҳоро бодиққат пайгирӣ мекунем." Ӯ афзудааст, "кадом иттилои мушаххасе дар даст нест".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG