Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи Ноҳид Тақавӣ дар зиндони Эрон бад ва бо хатар рӯбарӯ шудааст


Ноҳид Тақавӣ соли 2020 боздошт ва соле баъдаш ба 10 солу 8 моҳи зиндон маҳкум шуд
Ноҳид Тақавӣ соли 2020 боздошт ва соле баъдаш ба 10 солу 8 моҳи зиндон маҳкум шуд

Фаъоли маданӣ Наргис Муҳаммадӣ рӯзи 4-уми июн дар Инстаграм хабар дод, ки ҳаёти ҳомии ҳуқуқи инсон Ноҳид Тақавии 68-сола дар зиндони Эвин бо хатар рӯбарӯ аст.

Тақавӣ ду сол пеш ба 10 солу ҳашт моҳ зиндон маҳкум шуд.

Ӯ аз Эрон аст, вале ҳамзамон шаҳрвандии Олмонро дорад.

Наргис Муҳаммадӣ аз дарди сахти бадан ва ба мушкилӣ хӯрок хӯрдани Ноҳид Тақавӣ иттилоъ дода, нигаҳ доштани ӯро дар утоқи бе нур танқид намудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG