Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амири Қатар Масҷиди калони Душанберо мекушояд?


Президенти Тоҷикистон ва амири Қатар. Акс аз бойгонӣ.
Президенти Тоҷикистон ва амири Қатар. Акс аз бойгонӣ.

Масҷиди калонтарини Тоҷикистон бо иштироки раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, ифтитоҳ хоҳад шуд.

Як манбаъ дар ниҳодҳои расмӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷараёни сафари амири Давлати Қатар ба Тоҷикистон, дар назар аст, беш аз 20 созишномаи ҳамкорӣ низ ба имзо расад.

Манбаъ афзуд, сафари Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ба Тоҷикистон рӯзи 8-уми июн сурат мегирад.

Амири Қатар ба Тоҷикистон дар доираи боздидаш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ меояд. Ин сафар 5-уми июн оғоз мешавад ва ӯ аввал ба Узбекистону сипас Қирғизистон ва Қазоқистон хоҳад рафт. Сафарашро дар Тоҷикистон ба поён мебарад.

Амири Қатар дар ин сафар бо сарони ин кишварҳо дидор ва дар бораи роҳҳои тақвияти робитаҳо ва ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ хоҳад кард. Ӯро мақомоти баландпояи қатарӣ ва чанд тоҷир ҳамроҳӣ доранд.

Масҷиди бузургтарин дар Тоҷикистон дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз чаҳор манораи баландиашон 65-метрӣ, гунбази 47-метрӣ, толори бузург, толорҳои хурди намозгузорӣ, китобхона ва нишеману утоқҳои сершумор барои ҷаласаҳо иборат аст. Он бо сармояи Қатар сохта шудааст.

Сохтмони масҷидро соли 2009, дар рӯзҳои таҷлил аз 1310-солагии Имоми Аъзам, пешвои мазҳаби ҳанафӣ, оғоз карда буданд.

Бунёди ин масҷид дар ҳолест, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодиҳо, аз ҷумла озодиҳои динӣ, танқид мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG