Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро ёрипулии иҷтимоӣ камбизоатиро дар Хатлон кам накард?


Аз 3 миллиону 610 ҳазор аҳолии вилояти Хатлон понздаҳ дарсад (541 ҳазору 527 нафар) камбизоат ҳастанд.

Бо вуҷуди онки шумораи гирандагони ёриҳои иҷтимоӣ сол ба сол бештар мешавад, камбизоатӣ дар ҳафт соли охир дар вилоят, баръакс, боло рафтааст.

Барои мисол, дар соли 2011 дар ноҳияи Ёвон чаҳору ҳазору 820 оила зиёда аз 182 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ гирифтаанд. Ин рақам дар соли 2012 ба шаш ҳазору 352 оила ва ба беш аз 208 ҳазор сомонӣ расид.

Баъд аз он ки дар соли 2013 ба барнома даҳ ноҳияи дигар илова шуд, миқдори ёрипулӣ ва шумораи гирандагони он ҳам афзуд.

Масалан, агар дар соли 2019-ум 37 ҳазору 925 оила аз вилояти Хатлон беш аз чордаҳ миллион сомонӣ кумапулӣ гирифтанд, дар соли 2020 шумораи онҳо ба беш аз ҳаштод ҳазор кас расид. Онҳо дар умум беш аз 28 миллион сомонӣ гирифтанд.

Дар шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҳукумати Хатлон гуфтанд, муроҷиати аҳолӣ барои гирифтани кумакпулӣ дар соли 2023 дигарбора афзоиш ёфта, то 1-уми майи имсол ба беш аз 78 ҳазор нафар расид. Эҳтимол ин рақам то охири сол боло равад.

Чаро сатҳи камбизоатӣ поин нашуд?

Дар баробари ин, сатҳи камбизоатӣ дар вилояти Хатлон давоми ҳафт соли охир баръакс 0,2 дарсад афзудааст. Агар соли 2015 сатҳи камбизоатӣ дар вилоят 35,8 дарсадро ташкил медод, соли 2022 ин рақам ба 36 дарсад баробар шуд.

Шодӣ Сафаров, мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоии ҳукумати Хатлон, сабаби афзоиши камбизоатиро дар минтақа “зиёд будани бекорӣ” донист.

Низомиддин Комилов, мудири кафедраи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, мегӯяд, “дар асоси маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, Тоҷикистон дар ду даҳсолаи охир суръати нисбатан ками рушди иқтисодиро соҳиб гардидааст. Аз ҳама бештар сатҳи камбизоатӣ дар вилояти Хатлон ба назар мерасад. Яке аз сабабҳои асосии баланд шудани сатҳи камбизоатӣ дар ин вилоят рушд накардани иқтисод ва сатҳи бекорӣ мебошад.”

“Роҳи ҳал ҷойи кор ва маоши хуб аст”

Шӯҳрат Латифӣ, коршиноси масоили иҷтимоӣ, бар ин назар аст, ки пардохти кумакпулии иҷтимоӣ наметавонад одамонро аз камбизоатӣ бираҳонад.

Ба гуфтаи ӯ, роҳи ҳал таъмини ҷойи кор ва маоши хуб аст: “Агар сабади минималии истеъмолиро ҳисоб кунем, пуле, ки дар як сол ҳамчун кумакпулӣ медиҳанд, барои як мудати кӯтоҳ намерасад.”

Гирифтани пул душвор аст”

Камаш 20 хонавода дар Хатлон гуфтанд, ки таҳияи ҳуҷҷат барои расман эътироф шудан ҳамчун камбизоат кори осон нест. Борҳо ба идораи ҷамоатҳои шаҳру навоҳӣ мераванд, то онҳоро дар барнома сабт кунанд.

Раъно Садиқоваи 47-сола аз ноҳияи Шаҳритус баъд аз ҷудо шудан аз шавҳар бо се фарзанд дар хонаи падарӣ зиндагӣ мекунад. Дар оилае, ки ҳамагӣ 18 нафар ҳастанд, танҳо як кас дар Русия кор карда, рӯзгорро пеш мебарад.

Ин зан барои бартараф кардани мушкили иқтисодии оила талош дорад, худу фарзандонро ҳамчун камбизоат сабти ном кунаду ёрипулӣ бигирад: Ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод кардам, мунтазирам, ки ба хонаводаи мо кумак кунанд. Шунидам, ки пул медиҳанд, вале чанд пул аст ва кай медиҳанд, намедонам.”

Кумакпулӣ чӣ қадар ва чӣ гуна мегиранд?

Тибқи қонун, барои эътироф шудан ҳамчун камбизоат ҳуҷҷатҳоро ба мисли нусхаи шиносномаи аъзои оила, ҷойгиршавии маҳалли зист ва маълумот дар бораи вазъи иқтисодӣ ба идораи ҷамоат ё шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳия пешниҳод кунанд.

Мақомот санад тартиб медиҳанд ва маълумотеро, ки аз ҳайати хонавода ҷамъ кардаанд, вориди барнома мекунанд.

Кумакпулии унвонӣ ба хонаводаҳои камбизоат дар як сол 544 сомонӣ буда, ҳар се моҳ 136 сомонӣ пардохта мешавад.

Пардохти ёрипулии унвонии иҷтимоӣ аз соли 2011 оғоз шуд. Замоне ки сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ба беш аз 30 дарсад мерасид. Ҳоло, ба иттилои расмӣ, то 22,5 дарсад поин омадааст.

Дар вилояти Хатлон, новобаста аз будани кумакпулиҳои унвонии иҷтимоӣ, сатҳи камбизоатӣ нисбатан бетағйир мондааст

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG