Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири корҳои хориҷии Русия ба Тоҷикистон сафар мекунад


Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия

Вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров, ба Тоҷикистон сафар мекунад. "Ин сафари расмӣ дар рӯзҳои 5-ум ва 6-уми июн баргузор мешавад", гуфтааст Вазорати корҳои хориҷии Русия, ки сафарро аз пеш тарҳрезишуда қаламдод мекунад.

Бино бар хабарҳо раисиҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири русро ба ҳузур хоҳад пазируфт ва Лавров қарор аст ҳамчунин бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот кунад.

Хабарро дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тасдиқ карданд, вале ҷузъиёт надоданд.

Дар хабарномаи ВКХ Русия “рушди ҳамкории Маскаву Душанбе дар бахшҳои сиёсат ва иқтисоду тиҷорат, табодули афкор дар бораи масъалаҳои минтақаӣ ва байнулмилалӣ” аз мавзуъҳои суҳбат гуфта шудааст.

Ҳамчунин вохӯрии Лавров бо дипломатҳои ҷавон, донишҷӯён, хабарнигорон ва доираҳои коршиносӣ ва илмӣ дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар назар аст. Мумкин аст, ӯ ба пойгоҳи 201-и Русия дар Душанбе низ равад, омадааст дар хабарномаи Вазорати корҳои хориҷии Русия.

Сафари вазири корҳои хориҷии Русия ба Тоҷикистон дар рӯзҳое сурат мегирад, ки фишору латукӯб ва боздошту ихроҷ ва ҷаримаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия афзудааст. Аммо эҳтимоли гуфтугӯи ҷонибҳо дар масъалаи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия дар барномаи сафари Лавров расман эълон нашудааст.

Мақомоти Русия мегӯянд, амалиёт бар асоси шикояти сокинони шаҳраки Котелникии Маскав ду ҳафта идома карду ба поён расид, вале муҳоҷирон мегӯянд, ҳанӯз тафтишу боздошт идома дорад ва натанҳо дар Котелникии Маскав. Аммо онҳо латукӯби зиёда аз 100 донишҷӯро дар Хабаровск, ки дар натиҷа чандин нафари онҳо маҷруҳ шудаанд, шарҳ надодаанд.

XS
SM
MD
LG