Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомдорӣ чинӣ ҷанги эҳтимолии Чину Амрикоро фоҷеаи башарӣ номид


Ли Шанфу, вазири дифои Чин
Ли Шанфу, вазири дифои Чин

Ли Шанфу, вазири дифои Чин дар як нишаст дар Сингапур гуфт, кишвараш ҷонибдори гуфтугӯ бо Иёлоти Муттаҳида аст. Ӯ гуфт, агар бархурде миёни Чин ва Амрико сурат бигирад, "фалокати тоқатнопазир" барои тамоми ҷаҳон рӯй хоҳад дод.

Ин мақомдори Чин, Амрико ва шариконашро дар талоши ноором кардани ин кишвар муттаҳам кард, вале гуфт, ба ҷои ихтилоф бояд роҳҳои ҳамкориро ҷустуҷӯ кунанд.

Ин аввалин суханронии Ли Шанфу дар бораи муносибат бо Амрико буд. Аз ин пеш, ӯ аз суҳбат бо Ллойд Остин, вазири мудофиаи Амрико худдорӣ карда буд.

Остин рӯзи шанбе дар нишасти Сингапур гуфта буд, ки агар Чин ба хоки Тайван ҳамла кунад, фоҷеаи башарӣ сар мезананд.

Ӯ гуфт, ки тамоми ҷаҳон ба амният дар Тайван манфиатдоранд.

Чин ҷазираи Тайванро хоки худ медонад, вале кишварҳои ғарбӣ онро як минтақаи мустақил ҳисоб мекунанд.

XS
SM
MD
LG