Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду нишони тилои варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи Гран-прии Душанбе


Варзишгарони тоҷик дар рӯзи дуюми мусобиқаи Гран- прии Душанбе (Dushanbe Grand Prix 2023) соҳиби се медал шуданд.

Сомон Маҳмадбеков ва Шодмон Ризоев, ду ҷудокори Тоҷикистон соҳиби медалҳои тилло ва нуқра дар вазни то 81 кило гардиданд. Беҳрӯз Хоҷазода барандаи медали нуқра дар вазни то 73 кило шуд.

Мусобиқаи Гран-прии Душанбе рӯзи 2 июн дар дар пойтахти Тоҷикистон оғоз шуда, то 4 июн давом мекунад. Ин бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ — Гран-прии ҷудо баргузор мешавад.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар Гран-при 315 варзишгар аз 40 кишвар иштирок мекунанд.

Дар рӯзи дуюми мусобиқа, 3 июн, мардон дар вазни -73 ва -81 ва занон дар вазни -63 ва -73 кило рақобат карданд.

Беҳрӯз Хоҷазода, ҷудокори шинохтаи тоҷик баъди шикасти чор рақибаш аз Қазоқистон, Фаронса, Мексико ва Озарбойҷон ба финали вазни -73 кг баромад. Вале Хоҷазода дар финал аз ҷудокори тоҷиктабори Русия Маҳмадбек Маҳмадбеков шикаст хӯрд.

Маҳмадбеков дар ин сабқат ҳамчун варзишгари фардии бетараф ширкат кард, зеро Федератсияи байналмилалии ҷудо варзишгарони Русияро аз ширкат дар зери парчами кишварашон манъ кардааст.

Дар вазни то 81 кг медалҳои тилло ва нуқра насиби ҷудокорони тоҷик шуд. Сомон Маҳмадбеков баъди шикаст додани се рақибаш аз Узбекистон, Муғулистон ва Итолиё ба финал роҳ ёфт.

Шодмон Ризоев, барои расидан ба финал чор рақибашро аз Зелландияи Нав, Баҳрайн, Фаронса ва Олмон шикаст дод.

Дар финали вазни то 81 кило Шодмон Ризоев аз довар се огоҳӣ гирифт ва рақобатро бохт. Ҳамин тавр Сомон Маҳмадбеков барандаи медали тилло ва Шодмон Ризоев соҳиби медали нуқраи Гран - прии Душанбе гардиданд.

Дар рӯзи аввали мусобиқа, 2-юми июн ҷудокорони тоҷик соҳиби як медали тилло ва як биринҷӣ шуданд. Обид Ҷебов дар вазни то 66 кг соҳиби медали тилло ва Меҳрзод Сӯфиев барандаи медали биринҷӣ дар вазни то 60 кг гардид. Вале ду ҷудокори шинохтаи тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ ва Шаҳбоз Саидабуроровро дар сабқатҳо ноком шуданд.

Мусобиқаи Гран- прии Душанбе, рӯзи 4 июн ҳам давом мекунад. Дар назар аст, ки дар рӯзи охир варзишгарони мард дар вазни -90, -100 ва беш аз 100 кг ва занон дар вазнҳои -78, +78 баромад кунанд.

Ғолибони мусобиқа дар ҳар як вазн соҳиби 1800 имтиёз мегарданд. Ин шумораи имтиёзҳо барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Порис-2024 кӯмак хоҳад кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG