Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Русия ба қабули қонуни забони давлатӣ дар Қирғизистон


Мария Захарова
Мария Захарова

Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова ба қабули лоиҳаи қонунро "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон" вокуниш кард.

Вокуниши Захарова дар сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия нашр шуд. Ӯ гуфтааст, қонун дар шакли ҳозира метавонад барои шаҳрвандони Қирғизистон, ки забони давлатиро намедонанд, "мушкилот эҷод кунад".

Вай изҳори умед кардааст, ки раҳбарияти Қирғизистон "сиёсати мутавозини забонӣ"-ро пеш хоҳад бурд.

"Мо борҳо таваҷҷуҳи ҳамтоёни қирғизро ба он ҷалб кардаем, ки қабули қонун метавонад ба вазъи ҳуқуқи ҳамватанони мо таъсири номатлуб расонад. Онҳо итминон доданд, ки лоиҳаи қонун бекор кардани забони русиро дар назар надорад. Дар робита ба ин, мо интизор дорем, ки роҳбарияти Қирғизистон дар рӯҳияи муносибатҳои ҳампаймонӣ сиёсати мутавозини забониро пеш мебарад", - афзудааст Захарова.

Порлумони Қирғизистон рӯзи 31-уми май лоиҳаи қонунро "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон" қабул кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG