Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъйину нишонагузории марз. Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов вохӯрданд


Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов (Жапаров)
Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов (Жапаров)

Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов (Жапаров), раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон, ки як замон ба ҳам даст надода буданд, рӯзи дувуми июн дар шаҳри Чолпон-Ота вохӯрданд.

Равобити ду кишвар ба далели задухӯрди маргбор дар сарҳад (солҳои 2021 ва 2022) сарду печида аст.

Ба иттилои расмӣ, масъалаи таъйину нишонагузории сарҳади ду кишвар аз мавзӯи асосии суҳбати ду тараф будааст.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр сарҳад доранд, вале зиёда аз сесад километри он мушаххас нест.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 2-юми июн навишт, то кунун 626 километри хати сарҳад маълум аст. Беш аз 100 километри онро дар якуним соли охир мувофиқа кардаанд.

“Аз талошҳои муваффақонаи идома додани музокирот ва қабули қарорҳои дахлдор дар асоси эҳтиром ва эътимоди мутақобила изҳори ҷонибдорӣ карда шуд”, - хабар дода сомонаи президенти Тоҷикистон.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 2-юми июн барои иштирок дар нишасти дувуми сарони кишварҳои "Осиёи Миёна-Иттиҳоди Аврупо" ба Қирғизистон рафт.

Ӯ дар нишасти раҳбарони Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок хоҳад кард. Раҳбарони Осиёи Марказӣ ва масъули Шӯрои Аврупо бори охир моҳи октябри соли 2022 дар Қазоқистон вохӯрда буданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG