Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон сафар кард


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи 2-юми июн барои ширкат дар нишасти дуюми сарони кишварҳои "Осиёи Миёна-Иттиҳоди Аврупо", ба Қирғизистон сафар кард. Ба иттилои Дафтари матбуоти раёсатир ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёвари президент дар масоили иқтисодӣ, Вазири рушди иқтисод ва савдо ва афроди дигари расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҳукумати Қирғизистон ҳам хабар дод, ки даври нави мулоқоти раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва масъули Шӯрои Аврупо дар шаҳри шаҳри Чолпон-Ата баргузор хоҳад шуд.

Муродбек Азимбоқиев, мудири шуъбаи сиёсати хориҷии Дастгоҳи иҷроияи президенти Қирғизистон, гуфт, вохӯрӣ дар рӯзҳои 2-3-юми июн мегузарад. Вай афзуд, дар вохӯрӣ президентҳои Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистону Узбекистон, сарвазири Туркманистон ва раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел иштирок хоҳанд кард.

Раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва масъули Шӯрои Аврупо бори охир моҳи октябри соли 2022 дар Қазоқистон вохӯрда буданд. Он замон чанд созмони бонуфуз аз Шарл Мишел хостанд, ки бад шудани вазъи ҳуқуқи одамонро дар кишварҳои минтақа матраҳ кунад, вале бештар ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ шуд.

Мулоқоти нав дар ҳоле сурат мегирад, ки Иттиҳоди Аврупо аз эҳтимоли мадад кардани баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия барои давр задани таҳримҳои Ғарб ташвиш доранд. Онҳо ҳушдор додаанд, ки дар сурати тасдиқи ёриҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Маскав, худи онҳо зери бори таҳрим хоҳанд монд.

XS
SM
MD
LG