Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибдории "Миллий тикланиш" аз номзадии Мирзиёев


Шавкат Мирзиеёв, раиси ҷумҳури Узбекистон
Шавкат Мирзиеёв, раиси ҷумҳури Узбекистон

Ҳизби "Миллий тикланиш" дар Узбекистон аз номзадии раиси ҷумҳури ҳозираи ин кишвар Шавкат Мирзиёев дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ ҳимоят мекунад.

Анҷумани ҳизби демократии Узбекистон "Миллий тикланиш" (Эҳёи миллӣ) рӯзи 31-уми май баргузор ва дар он тасмим гирифта шуд, ки аз номзадии президенти амалкунанда ҳимоят карда шавад.

"Ман бар ин боварам, ки тасмими мо аз нуқтаи назари манфиатҳои давлат, мардум ва ҳизб дурусттарин тасмим аст", - гуфт Алишер Қодиров, раиси ин ҳизб.

Шавкат Мирзиёеви 66-сола, президенти ҳозираи Узбекистон ба даври дувуми панҷсолаи президентӣ соли 2021 интихоб шуда буд. Пирӯзӣ дар интихоботи пеш аз муҳлат дар соли ҷорӣ ба вай имкон медиҳад, ки 14 соли дигар дар қудрат бимонад.

Мирзиёев пас аз марги президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов дар соли 2016 ҷилави ҳукуматро ба даст гирифт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG