Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додугирифти Тоҷикистону Чин дар се моҳ маълум шуд


Додугирифти мол миёни Тоҷикистон ва Чин дар се моҳи аввали имсол ба ҳисоби мақомоти тоҷик ба 330 миллион доллар баробар шудааст.

Аз ин зиёда аз 85 миллион доллараш содирот мебошад. Бар асоси омор, Тоҷикистон дар се моҳ тақрибан 25 ҳазор тонна маъдану консентрати металҳои гаронбаҳо ва сурбро ба Чин фурӯхтаст.

Дар навбати худ, ба ҳисоби Хадамоти гумруки Тоҷикистон, аз Чин ҳазорҳо номгӯи маҳсулоти мухталиф ба маблағи қариб 245 миллион долларро овардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Чин додугирифтро бо Тоҷикистон беш аз 948 миллион доллар ҳисоб кардааст, ки дар муқоиса ба ҳисоби масъулони гумруки Тоҷикистон қариб 3 баробар зиёдтар аст.

Додугирифти молу коло миёни Тоҷикистону Чин дар соли 2022 низ гуногун буд.

Пекин онро 2 миллиарду 600 миллион доллар ва мақомоти гумруки Тоҷикистон 1 миллиарду 200 миллион доллар ҳисоб карда буданд.

Тарафи Тоҷикистон дар гузашта тарзи ҳисобро боиси ба вуҷуд омадани фарқият дониста буд. Чин шарҳ надодааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG