Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайатҳои Қирғизистону Узбекистон нишонагузории марзро тасдиқ карданд


Дар шаҳри Самарқанди Узбекистон гуфтугӯи ҳайатҳои ҳукуматии Қирғизистону Узбекистон оид ба аломатгузории марзи давлатӣ баргузор шуд.

Аз Девони вазирони Қирғизистон хабар доданд, ки дар ҷаласа натиҷаи корҳои майдонӣ дар қитъаҳои мушаххас баррасӣ шудааст.

Дар поёни ҷаласа ҳайатҳо санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва техникии аломатгузории марзи давлатиро тасдиқ кардаанд.

Қирғизистону Узбекистон 1314 километр марз доранд. Моҳи ноябри соли 2022 ду кишвар эълом карданд, ки дар баҳсҳои марзӣ нуқта гузоштаанд. Баҳси марзии ду кишвар бештар аз 30 сол идома дошт.

XS
SM
MD
LG