Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блогер Элмурод Одинаев "латукӯб" ва 15 шабонарӯз ҳабс шудааст


Элмурод Одилов
Элмурод Одилов

Блогери узбекистонӣ Элмурод Одилов рӯзи 27-уми май ба гуноҳи “майдаавбошӣ” ва “иҷро накардани талаби қонунии намояндаи давлат” 15 рӯз ҳабс шудааст.

Раёсати корҳои дохилии вилояти Қашқадарёи Узбекистон иттилоъ додааст, ки Элмурод Одилов рӯзи 26-уми май, тахминан соати 22:30, ба анбори пилла дар маҳаллаи Ибни Синои ноҳияи Яккабоғ рафта, гуё "ба кори кишоварзон халал расонда, онҳоро таҳқир кардааст".

Кишоварзон ба зидди блогер ба Шуъбаи корҳои дохилии Яккабоғ шикоят бурдаанд. Нашрияи узбекии "Дарё" навишт, ки маъмурони пулиси Яккабоғ Одиловро дар анбори пилла "шадидан латукӯб кардаанд".

Ба гуфтаи манбаи нашрия, блогер мехост мулоқоти муовини раиси ноҳияи Яккабоғ Фозил Хидировро дар анбори пилла бозтоб кунад. Хидиров дар мулоқот ба раҳбарони ҷавонони ноҳия дастур дода, ки ҷавононро барои як моҳ тариқи шартномавӣ ба хидмати ҳарбӣ ҷалб кунанд. Дар ғайри сурат, онҳоро аз кор озод хоҳанд кард.

Сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии Узбекистон Шоҳрух Ғиёсов дар шарҳи боздошти Элмурод Одилов гуфт, "блогнависе, ки пули дигаронро гирифта, аз назорати ҷамъиятӣ суистифода кард ва мехост бо як ҷанҷол ба манфиатҳои шахсии худ ноил шавад, бо қарори додгоҳ ҷазо дода шуд”.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG