Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти марде, ки одамонро тариқи Мексика ба Амрико мефиристод


Сарҳади Мексика ва Амрико
Сарҳади Мексика ва Амрико

Дар шаҳри Самарқанд як мардро ба гумони ғайриқонунӣ ва тавассути Мексика ба Амрико фиристодани сокинон дастгир кардаанд.

Масъулони раёсати пулиси шаҳр рӯзи 28-уми май гуфтанд, боздошти гумонбар пас аз шикояти як ҷавони 22-сола имконпазир шуд.

Ҷавон гуфтааст, ин сокини Самарқанд муштариёни худро аввал тариқи Аврупо ба Мексика фиристода, сипас барои ғайриқонунӣ гузарондан ба Амрико аз ҳар нафар 30-ҳазордолларӣ мехост.

Ба иддаои ӯ, муштариён гуё 10 ҳазор долларро пешпардохт мекарданд.

Мард дар натиҷаи як амалиёт ва ба гумони "қаллобӣ" дастгир шудааст.

Мақомоти Амрико мегӯянд, ҳар касе сарҳади Иёлоти Муттаҳидаро ғайриқонунӣ мегузарад, ронда хоҳад шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG