Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макони зисти чор муҳоҷири тоҷик дар Маскав сӯхтааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Макони зисти чаҳор муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Маскав сӯхтааст.

Ҳодиса рӯзи 28-уми май дар маҳаллаи ба номи Пушкини пойтахти Русия рӯй дод.

Яке аз муҳоҷирон бо фиристодани навор ба Радиои Озодӣ гуфт, танҳо шиносномаҳояшонро гирифтаанд, либосу дигар ашёи рӯзгорашон нобуд шуд.

Ҳамсуҳбати мо бе зикри номаш тахмин зад, ки сӯхтор эҳтимол ба сабаби расидани сими барқ сар задааст. Ҷузъиёти дигар маълум нест.

Дар Русия беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд.

Дар аксар ҳолат мақомоти Русия муҳоҷиронро ба риоя накардани қоидаҳои зидди сӯхтор танқид мекунанд.

Муҳоҷирон мегӯянд, мақомот ва корфармоёни рус барояшон шароити дурусти кору зиндагиро фароҳам намесозанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG