Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як додгоҳи Олмон кофтукоби амволи Усмоновро ғайриқонунӣ хонд


Алишер Усмонов.
Алишер Усмонов.

Додгоҳи Франкфурти лаби Майни Олмон тасмими Додситонии шаҳрро барои кофтукоби амволи сарватманд Алишер Усмонов ғайриқонунӣ номид. Амволи Усмонов дар доираи парвандаи пулшӯӣ кофтукоб шуда буд.

Бо ин вуҷуд қарорҳои дигар нисбати Усмонов қувваи қонунӣ доранд. Ӯро дар саркашӣ аз пардохти андозҳо ва вайрон кардани таҳримҳо гумонбар мекунанд.

Пештар хадамоти матбуотии сарватманди узбектабори Русия Алишер Усмонов гуфт, кофтукоби бошгоҳи футболи "Бавария", ки ба Усмонов тааллуқ дорад ва гумонбар кардани вай дар саркашӣ аз пардохти андоз ва пулшӯӣ таъқиби сиёсист.

Ба навиштаи маҷаллаи Bild, Усмонов бо мудири футболи олмонӣ, президенти пешини "Бавария" Ули Хенесс робита дорад. Bild менависад, онҳо то моҳи марти соли 2022 ба шаҳраки истироҳатии Тегернз зуд-зуд дам мерафтанд ва ҳамдигарро медиданд.

Додситонии Франкфурти лаби Майн гуфт, "ин ниҳод нисбати "Бавария" ва ё масъулони бошгоҳ таҳқиқи молӣ анҷом намедиҳад". Ҳарфҳои додситониро дар "Бавария" тасдиқ карданд.

Намояндагони Алишер Усмонов дар шарҳи хабари Bild гуфтанд, барои таҳқиқ асоси воқеие вуҷуд надорад. "Тавре мо пештар гуфтем, ин гуна гумонҳо беасос ҳастанд, ҳар гуна тахмин дар бораи "пулшӯӣ", "пайдоиши шубҳаноки он" ваё саркашӣ аз пардохти андоз - дурӯғ ва бадномкунандаи Усмонов ҳастанд", - гуфтанд намояндагони Алишер Усмонов.

Шӯрои Иттиҳоди Аврупо 28-уми феврали соли 2022 Усмоновро ҳамроҳ бо сарватмандони дигари русиягӣ, мансабдорон ва фаъолони фарҳанг шомили рӯйхати сиёҳи афроде кард, ки барои барҳам задани истиқлол ва тамомияти марзи Украина мусоидат кардаанд. Вуруди ҳамаи онҳо ба Иттиҳоди Аврупо манъ ва дороиҳояшон ҳабс шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG