Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як шаҳрванди Узбекистон дар Украина кушта шудаст


Ҷанги Украина. Акс аз
Ҷанги Украина. Акс аз

Ҷасади Ш. Тоҷибоеви 23-соларо, ки дар ҷанги зидди Украина кушта шудааст, барои дафн ба Узбекистон оварданд. Ин шаҳрванди Узбекистон барои дарёфти кор ба Русия рафта буд. Вай қаҳвахонае боз карда, ҳамзамон бо мошини шахсиаш таксиронӣ мекард.

Модари ин ҷавон дар наворе, ки аз сӯи мақомоти Узбекистон нашр шуд, мегӯяд, ба мошини писараш маводи мухаддир партофта, ҳафт сол зиндонӣ карданд. Ҳангоми адои ҷазо ӯро аз зиндон ба ҷанги Русия зидди Украина фиристодаанд. Модари ҷавон мегӯяд, бори охир бо писараш рӯзи 10 сентябри соли 2022 суҳбат кардааст.

Ш. Тоҷибоев ягона шаҳрванди Узбекистон нест, ки дар ҷанги Русия зидди Украина кушта мешавад. Расонаҳои Узбекистон аз марги чандин шаҳрванди дигари ин кишвар хабар доданд, ки дар ҷангҳои Русия зидди Украина кушта шудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG