Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се соати ҳушдори амниятӣ дар фазои Украина. Ҳамлаи мушаки русӣ ба муассисаи тиббии Днепро


Украина, шаҳри Днипро, 26 май, баъди як ҳамлаи мушакии Русия
Украина, шаҳри Днипро, 26 май, баъди як ҳамлаи мушакии Русия

Мақомоти интизомӣ ва минтақавии Украина рӯзи 26-уми май гуфтанд, ки шаби гузашта Русия як мавҷи дигари ҳамлаҳои ҳавоиро болои ин кишвар ба роҳ монд, вале аксари мушакҳо безарар гардонида шуданд.

Дар ҳамлае ба як муассисаи тиббии Днепро як нафар куштаву 15 нафар захмӣ шудааст.

Шабона дар шаҳри Киев ва чанд минтақаи дигари Украина давоми як соат ҳушдори амниятӣ аз ҳамлаҳои ҳавоӣ амал кард. Фармондеҳии нирӯҳои ҳавоии Украина рӯзи 26 май гуфт, низомиёни рус ба ҳадафҳои мулкиву низомӣ 17 мушак ва 31 паҳпод ё дрони сохтаи Эрон партоб карданд, вале нирӯҳои дифои ҳавоии Украина тавонистанд 10 мушак ва 23 паҳподро безарар гардонанд. Дар ноҳияҳои Оболон ва Шевченкивскиии шаҳри Киев хисороте сабт шуд, вале, ба гуфтаи Серҳий Попко, раиси маъмурияти низомӣ, дар давоми ҳамлаҳои сесоатае, ки аз соати 3-и шаб шурӯъ шуд, ҳеҷ хабаре аз захмиён ё талафоте нарасидааст.

Дар моҳи ҷорӣ ин 13-ум бор аст, ки пойтахти Украина ба чунин шакл мавриди ҳамла қарор мегирад.

Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки вилоятҳои Харков ва Днепропетровск ҳам мавриди ҳамла қарор гирифтанд.

Рӯзи 26 май президенти Украина Владимир Зеленский дар Телеграмм навишт, ки дар шаҳри Днепро дар натиҷаи ҳамлаи мушакӣ ба як муассисаи тиббӣ як нафар куштаву 15 нафар захмӣ шуданд.

Дар хабарҳои Ситоди кулли низомиёни Украина аз ҷабҳаи ҷанг дар бораи идомаи ҷангҳо дар дохилу атрофи шаҳри шарқии Бахмут хабарҳо мерасад ва ин хилоф бо иддаои Русия аст, ки тамоми шаҳрро зери назари худ даровардааст.

Дар як ҷаласаи Гурӯҳи тамоси дифоии Украина, ки 25 май ба таври маҷозӣ барпо шуд, раҳбари Кумитаи ситодҳои муштараки артиши Амрико генерал Марк Миллӣ гуфт, Русия дар Украина ба пирӯзии низомӣ даст намеёбад ва пешбинӣ кард, ки ҷангҳои “сахту” “хунин” дар пеш аст. Миллӣ, ки баъди ин ҷаласа бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, “дар ҷанг Русия аз назари низомӣ пирӯз намешавад. Намешавад”.

Ӯ афзуд, ки ҳадафҳои аввалияи Кремлин, ки аз ҷумла барканор кардани ҳукумати кунунии Украинаро пешбинӣ мекард, “аз назари низомӣ ғайри қобили иҷро аст. Муваффақ намешаванд”, гуфт ӯ.

Айни замон, ба гуфтаи ӯ, ҳузури азими нирӯҳои Русия дар Украина талошҳои Киевро барои дубора барқарор кардаи назорат бар қаламравҳои ишғолшудааш, аз ҷумла онҳое, ки соли 2014 ғасб шуданд, “дар ояндаи наздик” номумкин мегардонад.

Ӯ гуфт, “ин он маъноро дорад, ки ҷанг давом мекунад. Хеле хунин хоҳад буд, бисёр сангин мешавад. Ва то ҷое ҳарду ҷониб ҳам барои музокира ваё созише муовфиқа мекунанд ваё ба як қарори низомӣ мерасанд”.

Ллойд Остин, вазири дифои ИМА, ки ҳамчунин дар ин ҷаласа иштирок кард, гуфт, ҳомиёни ғарбии Украина аз замони шурӯи ҷанг дар моҳи феврали соли 2022 тахминан 65 миллиард доллар кӯмаки низомӣ кардаанд.

Вале яке аз ҳадафҳои калони Киев ин аст, ки ба ҳавопаймоҳои ҷангии навъи F-16 даст ёбад, чун онҳо назар ба ҳавопаймоҳои сохти шӯравӣ пешрафтаву нирӯмандтар ба ҳисоб мераванд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG