Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба рӯзноманигори қазоқ "авбошӣ" дониста шуд


Олеся Вертинская.
Олеся Вертинская.

Додгоҳи вилоятии Атирауи Қазоқистон 23 май ҳукми додгоҳи шаҳриро дар доираи парвандаи ҳамла ба хабарнигори сомонаи иттилоотии "Назорати роҳ" дар Атирау Олеся Вертинская бетағйир гузошт.

Додгоҳи шаҳрии Атирау 30 марти имсол сокини 30-солаи маҳаллӣ Алибек Меллятовро, ки дар ҳамла ба хабарнигор айбдор мешуд, барои як сол аз озодӣ маҳрум ва 100 соат корҳои ислоҳӣ таъйин кард. Ӯ ба "авбошӣ" муттаҳам шуда буд.

Хабарнигор ба ин ҳукми додгоҳ эътироз карда, аз болои он шикоят намуд. Вакили дифои ӯ хоста буд, парвандаи зерҳимояаш бо банди "Қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ" тафтиш карда шавад.

Олеся Вертинская рӯзи 19 июли соли гузашта дар назди манзили зисташ латтукӯб шуд. Ӯ гуфт, вақте аз хонааш берун шуд, як ҷавони ношинос ба наздаш омада, нахуст кумак хост ва сипас ба ӯ дарафтод. Дар натиҷа бинии Вертинская шикаст.

Бунёди ҳомии расонаҳо - "Одил соз" гуфт, хабарнигор қабл аз ҳамла ҳушдор гирифта буд, ки бо як ширкат ва соҳибаш "аз эҳтиёт кор бигирад".

XS
SM
MD
LG