Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон аз шаҳрвандони ин кишвар даъват кардааст, ки ба Покистон сафар накунанд.
Хадамоти матбуотии вазорат гуфтааст, ин тавсия ба якбора бад шудани вазъи сиёсии дохилии Покистон рабт дорад. Манбаъ афзуда, ки дар бораи осеб диданӣ қирғизистониҳо дар натиҷаи эътирозҳои ахири Покистон то ҳол иттилое дар даст нест.
Боздошти сарвазири собиқи Покистон Имрон Хон хашми тарафдоронашро барангехт. Эътирози олуда бо хушунат саросари Покистонро фаро гирифт ва чанд нафар куштаву захмӣ шуд.
Полиси Покистон рӯзи 11-уми май псадҳо тарафдори Имрон Хонро боздошт намуд. Дар минтақаҳое, ки тарафдорони ӯ ба вайрон кардани биноҳову моликияти давлативу хусусӣ роҳ дода буданд, аз ҷумла вилояти Панҷобу шаҳри Исломобод, артиш ҷойгир шуд.
Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф аз эътирозгарон талаб кард, ки ба тахриби моликияти давлат хотима бахшанд. Ӯ ваъда дод, ки ҳукумат ба эътирозҳои хушунатбори рӯзҳои охир бо мушти оҳанин ҷавоб хоҳад дод.
Имрон Хони 70-сола моҳи ноябри соли гузашта, ки ҳамроҳи ҳазорон ҷонибдораш ба сӯи Исломобод ҳаракат мекард, аз тири туфангча захмӣ шуд. Баъдан, ӯ як мақоми Хадамоти иктишофии Покистонро ба суиқасд ба ҷонаш муттаҳам кард.
Гуфтугӯ