Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати мудири мактаб дар таркишу сӯхтори "Соро Ойл" дар Душанбе. ВИДЕО


Зане, ки дар таркиши нуқтаи сӯзишвории шаҳри Душанбе рӯзи 28-уми апрел ҷон дод, имрӯз дар зодгоҳаш ноҳияи Темурмалик ба хок супурда шуд. Шералӣ Давлатов, сармуҳаррири “Истиқлол” - нашрияи расмии ҳукумати ноҳияи Темурмалик дар як сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Салтанат Равшанова, директори муассисаи таълимии рақами 30-и ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик қурбонии тасодуфии фоҷеа гардид.

Давлатов гуфт, Равшанова 51 сол дошт ва ба хотири табобати дил ба Душанбе рафта буд. Ба қавли хешовандонаш, вақте сӯхтор шурӯъ шуд, ҳодисаро аз балкони хонаи як хешаш, ки он ҷо меҳмон буд, нигоҳ мекард, вале ногаҳон мавҷи таркишу оташ ӯро ба берун ҳаво дод. Ӯ аз ошёнаи сеюми бино афтода ҷароҳати сангин бардошт ва дар роҳ ба шифохона ҷон дод. Равшанова модари як писару як духтар буд.

Дар саҳифаи фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҳизби ҳокими халқи демократӣ дар ноҳияи Темурмалик ҳарчанд сабаби марги Равшанова навишта нашудааст, вале дар робита бо даргузашти ӯ, ки раиси ташкилоти ибтидоии ин ҳизб будааст, изҳори андӯҳ шудааст.

Бо гузашти як рӯз аз ҳодиса мақомот ҳеҷ хабаре дар бораи ҳодисаи дирӯза нашр накардаанд ва маълум нест, ки оё дар ин робита тафтише шурӯъ шудааст ё на.

ВКД гуфт, 28 апрел дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ "Соро Ойл", дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе ҳангоми холӣ кардани гази моеъ аз автомашина сӯхтор ба амал омад, ки аз тарафи кормандони хадамоти оташнишонӣ дар масоҳати аввалааш ба пуррагӣ хомӯш карда шуд. Дар натиҷаи ин сухтор як нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид.

Нуқтаи фурӯши сӯзишворие, ки оташ гирифт, дар наздикии Донишкадаи санъат и шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Ба иттилои хабарнигорони Радиои Озодӣ, ки рӯзи 28-уми апрел аз ҷои ҳодиса дидан карданд, ҳангоми рӯй додани ин ҳодиса бинои донишгоҳро холӣ карда донишҷӯёнро ба берун бароварданд.

Баъзе аз корбарони Радиои Озодӣ навиштанд, ки якбора чанд таркиш рӯй дод ва маъмурони оташнишонӣ дертар расиданд. Мақомот гуфтанд, сабабҳои ҳодиса ва зиёни расидаро таҳқиқ доранд.

Видео аз маҳалли сӯхтор дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:35 0:00

Дар Тоҷикистон аксар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвориро наздик ба маҳаллаҳои аҳолинишин сохтаанд. Дар натиҷаи сӯхтор ё таркиши ин гуна маконҳо хонаҳо зарар дида, чанд нафар осеб дидаанд.

Яке аз чунин ҳодисаҳо соли 2021 дар нуқтаи фурӯши сӯзишворие дар ноҳияи Синои пойтахт сар зад. Дар ин ҳодиса камаш 29 нафар ҷароҳат бардоштанд. Дар пайи чунин таркиш дар соли 2017 дар ҷамоати “Бӯстонқалъа”-и ноҳияи Кушониён Маликхон Малахови 35-сола фавтида, 21 нафар бо шумули кӯдакону наврасон захмӣ шуданд.

Он замон идораи оташнишонӣ ва мақомоти интизомии Хатлон гуфта буданд, ки бояд тамоми нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар ҷойҳои дуртар аз маҳалҳои аҳолинишин сохта шаванд. Сокинон мегӯянд, пешниҳоди кӯч додани нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бо сар задани ҳар ҳолати сӯхтор ё таркише ба миён меояд, вале баъдан ба боди фаромӯшӣ супурда мешавад.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Дар таркиши мошини газ як нафар ҳалок шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:31 0:00

XS
SM
MD
LG