Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон гуфт, ки чаро бо Толибон ҳамкорӣ мекунад


Серик Жумангарин, вазири савдои Қазоқистон бо Мулло Абдулғанӣ Бародар, намояндаи Толибон
Серик Жумангарин, вазири савдои Қазоқистон бо Мулло Абдулғанӣ Бародар, намояндаи Толибон

Вазири савдои Қазоқистон Серик Жумангарин дар ҳошияи ҷаласаи ҳукумати он кишвар ба рӯзноманигорон шарҳ дод, ки чаро Остона тасмим гирифтааст, ҳамкориҳои тиҷоратиро бо Кобул рушд диҳад.

"Мо бо Афғонистон ҳамкорӣ ва савдо мекунем. Савдои мо хеле хуб, ба маблағи 1 миллиард доллар аст. Ин бештар аз ҳаҷмест, ки бо Озарбойҷон ва Туркманистон додугирифт мекунем. Бинобар ин, сиёсат сиёсату иқтисод иқтисод аст ва мо ин ҳамкориҳои иқтисодиро тавсеа мебахшем. Чаро аз ин имкон истифода накунем?", - изҳор дошт ӯ.

Ба гуфтаи Жумангарин, Қазоқистон аллакай дар Афғонистон хонаи савдо боз ва намояндаи худро таъйин кардааст.

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ҳафтаи гузашта хабар дод, ки дар шаҳри Ҳироти Афғонистон хонаи савдои ин кишвар боз карда шудааст.

Қаблан расонаҳо хабар доданд, ки муовини сарвазир ва вазири савдои Қазоқистон Серик Жумангарин бо муовини раиси ҳукумати гуруҳи Толибон дар Афғонистон Абдулғанӣ Бародар дар шаҳри Кобул дидору гуфтугӯ кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG