Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси пешини КДАМ-и Қазоқистон 18 сол зиндонӣ шуд


Карим Масимов пас аз ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон дастгир шуд
Карим Масимов пас аз ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон дастгир шуд

Додгоҳе дар Остона раиси собиқи КДАМ-и Қазоқистонро ба гуноҳи “хиёнат ба давлат” ва “кӯшиши ғасби қудрат” дар ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 ба 18 сол зиндон маҳкум кард. Дар ин бора матбуоти Қазоқистон хабар дод.

Додгоҳ инчунин амр дод, ки ҳама моликияти Карим Масимов мусодира шавад ва тамоми умр аз ҳаққи гирифтани мансаб маҳрум гардад. Се муовини Масимов ба муҳлатҳои камтар зиндонӣ шуданд. Парванда пушти дарҳои баста баррасӣ гардид.

Масимовро дар авҷи эътирозҳои мардумӣ ва беназмиҳои мусаллаҳона дар чанд вилояти Қазоқистон ҳабс карданд. Ӯ баландтарин мақомдори ҳукумат буд, ки аз рӯи он ҳодисаҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуд.

Масимовро наздиктарин шахси собиқ президент Нурсултон Назарбоев меномиданд.

Бисёр ҷузъиёти ҳодисаҳои январи соли 2022, ки дар натиҷаи он беш аз 200 нафар кушта шуд, ҳанӯз номуайян боқӣ мемонад. Яке аз фарзияҳое, ки дар ҷомеаи Қазоқистон фаъолона баррасӣ мешавад, ин аст, ки эҳтимолан Назарбоев ва Масимов манфиатдори ташкили ин ҳодисаҳо буданд.

Бисёре аз наздикони Назарбоев баъдан ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Вале расман мақомот масъулияти ин ҳодисаҳоро ба дӯши "нирӯҳои беруна" вогузор карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG