Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истирдоди 97 кас ба Душанбе. Мубориза бо ҷиноят ё дигарандешӣ?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, дар соли 2022 наздик ба сад нафар, аз ҷумла 18 гумонбар ба терроризму ифротгароӣ аз кишварҳои хориҷӣ ба Душанбе истирдод шудаанд. Ин рақам дар гузориши Юсуф Раҳмон ба порлумон дар моҳи марти имсол садо дод.

Юсуф Раҳмон
Юсуф Раҳмон

Бино ба маълумоти нашршуда, соли гузашта дар Тоҷикистон тақрибан 1200 ҷинояти вобаста ба терроризму ифротгароӣ сабт шудааст, ки назар ба соли 2021 зиёда аз 18 дарсад бештар аст. Ба гуфтаи Юсуф Раҳмон, омор "аз ҳисоби ҷиноятҳои содиршуда аз сӯи саркардагони гуруҳи муташаккил дар ВМКБ" афзудааст.

Ин дар ҳолест. ки созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар мақомоти Тоҷикистонро барои нақзи беш аз ҳадди ҳуқуқи инсон зери шиори мубориза бо ҷинояткорӣ танқид мекунанд. Дар Душанбе ин танқидҳоро нодида мегиранд. Ҳадди ақал дар сатҳи расмӣ ба онҳо ҷавоб намедиҳанд.

Нигоҳдории қудрат ба ҳар қимате?

Азиз Нуруллоев, ҷомеашиноси мустақил, афзоиши ҷинояткориро ба омилҳои сиёсати дохилӣ бастагӣ медиҳад.

"Агар баландпарвозона тахмин занем, мешавад гуфт, ки шумораи тундравҳо дар ин ё он кишвари истибдодӣ ҳамқадам бо поинравии муҳаббати ҷомеа ба чунин режимҳо ва дар мисоли Тоҷикистон ҳамчунин ба наздик шудани интиқоли эҳтимолии қудрат баробар аст. Дар чунин давраҳо нигоҳдории субот бо ҳар нархе, ки бошад, барои низомҳои худкома муҳим мешавад. Бино бар ин, рафторе, ки аз “хатти пазируфташудаи умумӣ” берун меравад ва суботро таҳдид мекунад, зуд аз сӯи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ саркӯб мегардад," -- мегӯяд коршинос.

Нуруллоев ҷазоро барои гузоштани "like" ё паҳн кардани маводи сиёсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мисол овард, ки ифротгароӣ ё танқиди давлат дониста мешаванд.

Ҳамзамон афзуд, бархурди сахти режим эҳтимол ба зуҳури ифротгароҳо ва террористҳои хеле воқеитар сабаб мешавад, ки метавонанд амнияти давлатро зери хатар гузоранд. "Вақте ҳаққу ноҳақ чунин тамғазанӣ мешавад, ҷудо кардани ҷинояткори воқеӣ ё террорист аз дигарандеши сиёсӣ ё мунтақиди ҳукумат душвор мегардад. Биноан ҳар кори мақомот дар ҷомеа мавриди шубҳа қарор мегирад, ҳарчанд ин чиз ошкоро баён намешавад," -- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Интернет ҳамчун абзори ҷазо?

Бар пояи тағйироти соли 2018 ба Кодекси ҷиноии Тоҷикисон (банди 179) барои даъвати оммавӣ ба фаъолияти террористӣ ё тавҷеҳи терроризм дар интернет аз 10 то 15 сол зиндон пешбинӣ шудааст. Чанд сол пеш аз ин тағйир фаъолияти ҳама созмонҳои сиёсӣ, ки ошкоро ба тағйири низом дар Тоҷикистон даъват мекарданд, ҳамчун терроризму ифротгароӣ манъ карда шуд.

Бандҳои дигари қонун, ба монанди таҳқири оммавии президент ё туҳмат кардани ӯ дар интернет, даъвати бо зӯрӣ тағйир додани ҳокимият ё ҷалби афрод ба ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ, таҳқири намояндаи давлат бо истифода аз интернет аз 2 то 15 сол зиндонро пешбинӣ мекунанд.

Роҳи муҳофизат вуҷуд дорад?

Олга Абраменко
Олга Абраменко

Олга Абраменко, коршиноси "Мемориал", маркази зидди табъиз, мегӯяд, дар солҳои ахир мавридҳои зиёди истирдод ё рабудани зодагони Бадахшон аз Русия, ки ба саркӯбҳо дар ВМКБ эътироз карданд, мушоҳида шуд.

"Инҳо бештар шахсони дорои душаҳрвандӣ ва ҳатто шаҳрвандони Русия буданд. Мо медонем, ки хатари шиканҷа ва бадрафторӣ дар Тоҷикистон ҷиддист. Ташдиди саркӯби зодагони Бадахшон дар соли 2022 бесобиқа аст, мурофиаҳои додгоҳӣ пушти дарҳои баста ва бе дастрасии комил ба кумаки ҳуқуқӣ анҷом мешаванд. Даҳҳо нафар ба муддатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд. Комилан рӯшан аст, ки дар чунин шароит истирдоди касе ба Тоҷикистон ғайримумкин аст ва ҷомеаи байнулмилалӣ бояд инро дарк кунад ва монеи он шавад," - мегӯяд Абраменко.

Ба гуфтаи коршинос, барои пешгирии истирдод аз кишварҳои узви Шӯрои Аврупо як роҳи муассир ин муроҷиат ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупост. Қабл аз он ки Русия аз сафи он хориҷ шавад, тасмимҳое зиёде дар мавриди истирдод ба кишварҳои Осиёи Марказӣ гирифта шуд.

“Ин додгоҳ борҳо гуфтааст, медонад, ки кишварҳо барои ҳимояи мардуми худ аз терроризм бо чӣ мушкилоти сахте рӯбарӯянд. Аммо манъ будани шиканҷа (банди 3-и Қатъномаи Ҳуқуқи Инсон) чизи мутлақест, ки агар дар кишвар эҳтимоли шиканҷа ё бадрафторӣ ва ҷазои ғайриинсонӣ вуҷуд доранд, истирдод ба он ҷо манъ аст,”- таъкид мекунад Абраменко.

Дар сояи равандҳои байнулмилал

Даҳҳо созмони байнулмилалӣ аз аввали имсол амалкардҳои Тоҷикистонро дар заминаи ҳуқуқи инсон танқид карданд ва талош доранд, диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъала дар Тоҷикистон ҷалб кунанд. Дар миёни онҳо Дидбони ҳуқуқи башар, Гуруҳи ҳуқуқи ақаллиятҳо, Авфи Байнулмилал, Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ, Гузоришгарони вижаи СММ, Дидбони поксозии қавмӣ, Хонаи озодӣ ва ғайра мебошанд.

Бо гузашти замон ин рафтори саркӯбгаронаи мақомоти Тоҷикистон ва ниҳодҳои амниятӣ, эҳтимол, боис ба халалдор гардидани субот ва эътимоди шаҳрвандон ба ниҳодҳои давлатӣ ва низоми давлатдорӣ мешавад.

Аммо ба гуфтаи Сюзанн Леви-Санчес, коршиноси Маркази тадқиқоти Русия ва АвруОсиё ба номи Девис дар Донишгоҳи Ҳарвард, диққати Ғарб ба ҷанги Украина равона шуда, он ба масъалаи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон тақрибан таваҷҷуҳ нишон намедиҳад.

"Ба назари ман, ҷомеаи ҷаҳонӣ феълан дар вазъи печидае аст. Ҳадафи асосии он ҳамкорӣ бо кишварҳои худкома, тақвияти соҳибихтиёрӣ ва суботи онҳо ва густариши равобит аст. Ин ҳадафҳо мустақим бо ҳар шаҳрванди Тоҷикистон дар тазодданд, ки аз ҳаққи озодии баён, дин, таҷаммуъ ва ё ҳаракат истифода мекунанд... суоли аслӣ ин аст, ки агар давлат ба саркӯбу назорати шадиди шаҳрвандон идома диҳад, ин амр чӣ гуна ба аҳдофи умумии ҷомеаи ҷаҳонӣ кумак мекунад? Ба назари ман, бо гузашти замон ин рафтори саркӯбгаронаи мақомоти Тоҷикистон ва ниҳодҳои амниятӣ, эҳтимол, боис ба халалдор кардани субот ва эътимоди шаҳрвандон ба ниҳодҳои давлатӣ ва низоми давлатдорӣ мешавад, ки уфти сатҳи куллии истиқлол ва вуруди унсурҳои манфиро ба минтақа дар пай хоҳад дошт," - ҳадс кард ӯ.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG