Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафткашҳои норозиро раҳо карданд, вале баҳс монд. ВИДЕО


Эътирози нафткашҳо дар Қазоқистон бо чӣ анҷомид?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон тазоҳуроти сокинон идома дорад. Эътирозгарон талаб доранд, ки низомиёни нерӯҳои вижа ё СОБР ҷазо дода шаванд. Дар ҳамин ҳол, нафткашҳое, ки барои ташкили тазоҳуроти бидуни иҷоза боздошт шуда буданд, раҳо гаштанд. Қаблан гуфта буданд, ки онҳо ё ҷарима ва ё 15 рӯз ҳабс мешаванд.

Шоми 11-уми апрел дар Остона аз автобусҳое, ки дар назди бинои Вазорати энержӣ ҷамъ шуда буданд, нерӯҳои вижа ё СОБР берун омада, нафткашҳои эътирозгарро иҳота карданд.

Кормандони ширкати нафти "БерАли Мангистау Company" бо талаби кори доимӣ ва мулоқот бо мансабдорон дар ин ҷо ҷамъ омада буданд. Гурӯҳе боздошт шуда, бархе бо тамоми қувва талош карданд, ҳамкорони худро аз дасти низомиён озод кунанд.

Бо шунидани хабари саркӯби хушунатомези тазоҳургарон дар Остона, сокинони шаҳри Жанаозени Қазоқистон ба хиёбон баромаданд. Онҳо раҳоии нафткашҳоро талаб карданд. Дар миёни эътирозгарон занону кӯдакон ва пиронсолон ҳам буданд.

"Агар ҳамкорони моро дар Остона раҳо накунанд, тамоми Жанаозенро ба пой мехезонем! Ҳамин хел не бачаҳо? Онҳо ба хотири барқарор шудани адолат ба он ҷо рафтанд ва мо онҳоро ҷонибдорӣ мекунем," – гуфта буд яке аз норозиён.

Бо ҳимоя аз нафткашҳои боздоштшуда дар Остона кормандони ширкатҳои дигари нафтрасонӣ ҳам наворҳо сабт карда, таҳдид мекарданд, ки агар ҳамкорони онҳо озод нашаванд, коршиканӣ хоҳанд кард. Ин вазъ сабаби қатъ шудани интернет дар Жанаозен шуд.

Шумори мардуми ҷамъомада дар майдони марказӣ ҳарчӣ бештар мешуд. Раиси шаҳр ба назди онҳо баромад ва раҳбари вилояти Магнистау ҳам шабона дар як навор ба мардум муроҷиат кард.

Нурлан Ногаев, раиси вилояти Мангистау, гуфт: “Ҳоло бояд ба эҳсосот дода нашавем ва оромиро ҳифз кунем. Мо метавонем ҳама масъалаҳоро ҳал кунем. Таҳрик ба тазоҳурот дар ҷомеа ба қонуншиканӣ ва нооромӣ мерасонад. Дӯстони азиз, ман аз шумо даъват мекунам, ки ором бошед. Мо танҳо як чиз мехоҳем. Мехоҳем ин масъала дар доираи қонун ва одилона ҳал шавад.”

Рӯзи 12-уми апрел нафткашҳои боздоштшударо раҳо карданд. Дертар онҳо дар як навор дар Роҳи Оҳани Остона зоҳир шуданд.

Бо ин вуҷуд дар Жанаозен чандон ором набуд. Низомиён мардумро дар хиёбонҳо боздошт мекарданд. Мақомот гуфтанд, сабаб он аст, ки ин сокинон роҳҳоро бастаанд. Кормандони бархе аз корхонаҳо ҳамоно ба нишони эътироз ба коршиканӣ идома медиҳанд. Онҳо талаб доранд, нерӯҳои вижа ва афроде, ки дар боздошти ҳамкорони онҳо даст доранд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ҳамчунин онҳо хостаанд тамоми талаби нафткашҳо иҷро шавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG