Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cisco дар Русия ба арзиши $13 млн дастгоҳҳояшро нобуд кард


Ширкати амрикоии Cisco, ки ба истеҳсоли нармафзорҳо ва дастгоҳҳои шабакаӣ машғул аст, пеш аз рафтан аз Русия дар моҳи январи соли 2023 дастгоҳҳои истеҳсолиашро ба маблағи 13,5 миллион доллар вайрон кард. Дар ин бора хабаргузориҳои Русия иттилоъ медиҳанд.

Cisco ҳамчунин воситаҳои нақлиёт, ҷевони коргоҳ ва дастгоҳҳои худро ба маблағи 12,5 ҳазор доллар тахриб кардааст.

Тасмим дар бораи тахриби захираҳои ширкат ҳанӯз моҳи августи соли 2022 гирифта шуда буд. Ин тасмим дар пайи қатъи фурӯш ва бекор кардани иҷозатномаи кор дар Русия гирифта шуд. Ширкат дар ҷустуҷӯйи роҳҳои берун бурдани дастгоҳҳои худ буд, аммо роҳеро пайдо накард.

Бино ба баҳогузории Донишгоҳи Йел, аз ибтидои ҳамлаи густурдаи Русия ба Украина, бештар аз 1000 ширкати хориҷӣ эъломи берун рафтан ва ё маҳдудияти фаъолиятро дар Русия кардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG