Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш қазоқистонӣ дар рӯйхати сарватмандони Forbes


Тимур Кулибоев, Динара Кулибоева ва Владимир Ким
Тимур Кулибоев, Динара Кулибоева ва Владимир Ким

Маҷаллаи амрикоии Forbes рӯйхати солонаи шахсони сарватмандтарини дунёро нашр кард. Дар ин рӯйхат шаш қазоқистонӣ шомил шудааст.

Владимир Кими 62-сола дар мақоми 519 қарор дорад. Дороии вай 4,3 миллиард доллар баҳо дода шудааст. Ба навиштаи маҷалла, дороии Ким нисбат ба соли гузашта коҳиш ёфтааст. Вай дар соли гузашта 5 миллиард доллар дошт.

Маҷаллаи Forbes менависад, дороии Динора Кулибоева ва шавҳараш Тимур Кулибоев 1 миллиард доллар афзудааст. Ин ҷуфт соли гузашта ҳар кадоме 3,8 миллиарддолларӣ доштанд. Ҳоло ҳар кадоме аз онҳо соҳиби 4,3 миллиарддолларӣ шудаанд. Динора духтари президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аст.

Дороии Вячеслав Ким, яке аз моликони Caspi Bank дар як соли охир қариб ду баробар афзудааст. Дороии вай соли гузашта 2 миллиард доллар баҳо дода мешуд. Акнун ба 3,6 миллиард расидааст. Вячеслав Ким дар соли гузашта дар рӯйхати маҷалла дар мақоми 1513 қарор дошт. Имсол ба мақоми 787 расидааст.

Шаҳрванди Русия ва муқими Қазоқистон Тимур Турлов 3,1 миллиард доллар доштааст. Маблағи вай соли гузашта 2,4 миллиард доллар баҳо дода мешуд.

Болат Утемуродови 65-сола аз мақоми 1096 ба мақоми 1104 расидааст. Маҷаллаи Forbes менависад, дороии вай аз 2,8 миллиард ба 2,7 миллиард доллар коҳиш ёфтааст.

Бисёре аз қазоқистониҳое, ки шомили рӯйхати маҷаллаи Forbes шудаанд, аз одамони наздик ба президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳастанд. Ҳамаи онҳо замоне сарватманд шуданд, ки Назарбоев сари қудрат буд.

Дар садри маҷаллаи Forbes сарватманд Бернар Арно бо 211 миллиард доллар, Илон Маск, соҳиби Tesla бо 180 миллиард доллар ва дар мақоми севум соҳиби ширкати Amazon Ҷефф Безос бо 114 миллиард доллар ҷой доранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG