Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарии Русия дар Шӯрои Амният, Украинаро хашмгин кард


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Раҳбарии Русия дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал, ки рӯзи 1-уми апрел оғоз ёфт, хашми ҳукумати Украинаро барангехт. Раиси ҷумҳур Владимир Зеленский гуфт, ин кор дар нишон медиҳад, ки Шӯрои Амният ҳамчун як ниҳоди байналмилалӣ “варшикаста” шудааст.

Ӯ ҳангоми муроҷиати видеоии худ дар шаби 1-уми апрел гуфт, Русия дар Украина ҷангу ишғолгарӣ мекунад, ки дар натиҷаи он мардуми бегуноҳ, аз ҷумла кӯдакон кушта мешаванд.

Ба қавли Зеленский: ”Террористон бояд барои террорашон ҷавоб бигӯянд, на ин ки дар ҷойе раҳбарӣ кунанд.” Вай хостори ислоҳот дар созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла Шӯрои Амнияти Созмони Милал шуд.

Бар асоси ойинномаи ин шӯро ҳар 15 узви он моҳе як дафъа раҳбарии Шӯрои Амниятро ба зимма мегиранд ва ҷаласаҳои ин созмон таҳти раёсати онҳо сурат мегирад.

Дмитрий Кулеба, вазири умури хориҷии Украина раҳбарии Русия дар Шӯрои Амниятро “бадтарин шӯхии рӯзи 1-уми апрел дар ҷаҳон” номид. Ӯ гуфт: “Кишваре, ки пайваста меъёрҳои бунёдии амнияти байналмилалиро зери по мекунад, ниҳодеро раҳбарӣ мекунад, ки ҳадафи ягонаи он таъмини амнияти байналмилалӣ аст.”

Русия моҳи феврали соли гузашта ва моҳе, ки дар Украина ҷангро оғоз кард, раёсати Шӯрои Амниятро бар уҳда гирифта буд.

XS
SM
MD
LG